Муштзанҳои тоҷик аз Тайланд бо 3 нишон баргаштанд

Муштзанҳои тоҷик аз Ҷоми Осиё оид ба муштзанӣ, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад, бо се нишони биринҷӣ баргаштанд Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Довуд Маҳкамов, Абдумалик Болтаев ва Шаҳбоз Ҳаитов, се узми тими миллии Тоҷикистон оид ба муштзанӣ аз Ҷоми Осиё оид ба муштзанӣ миёни ҷавонони то 22-сола, ки […]

Asia-Plus

Муштзанҳои тоҷик аз Ҷоми Осиё оид ба муштзанӣ, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад, бо се нишони биринҷӣ баргаштанд

Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Довуд Маҳкамов, Абдумалик Болтаев ва Шаҳбоз Ҳаитов, се узми тими миллии Тоҷикистон оид ба муштзанӣ аз Ҷоми Осиё оид ба муштзанӣ миёни ҷавонони то 22-сола, ки 18-уми январ дар шаҳри Банкоки Тайланд шуруъ шуд ва то 26-уми январ идома мекунад, бо касби нишони биринҷӣ баргаштанд.

Гуфта мешавад, ки Довуд Маҳкамов дар вазни -71кг дар чорякфинал намояндаи Ироқ Наим Ҳусейн Юсуфро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Қазоқистон Сабиржан Аккаликов шикаст хурд.

Абдумалик Болтаев (-75кг) бошад, дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Алохон Абдуллоев шикаст хурд. Ӯ дар чорякфинал варзишгари мизбон Ломфа Сонгбуранро мағлуб намуда буд.

Шаҳбоз Ҳаитов (-80кг) дар нимфинал муқобили намояндаи Чин Ҳалимулатӣ Раҳеманду ба ринг баромада, шикаст хӯрд. Шаҳбоз дар чорякфинал варзишгари Кувейт Мусаб Алҳулайлиро мағлуб кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷоми Осиё оид ба муштзанӣ миёни ҷавонони то 22-сола бо иштироки 149 варзишгар (95 мард, 54 зан) аз 20 давлати қора ҷараён дорад. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 7 варзишгар – 6 мард ва 1 зан ширкат карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.