“Сомон Эйр” парвоз ба шаҳри Теҳронро оғоз мекунад

Дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз роҳандозии парвозҳо ба пойтахти Эрон – Теҳрон хабар медиҳад. Интизор меравад, ки нахустин парвоз 31-уми январи соли 2023 анҷом шавад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 17:30, аз Теҳрон соати 20:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Тибқи ҷадвали муқарраршуда, аз 10-уми феврал парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ҳафтае як маротиба […]

Asia-Plus

Дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз роҳандозии парвозҳо ба пойтахти Эрон – Теҳрон хабар медиҳад.

Интизор меравад, ки нахустин парвоз 31-уми январи соли 2023 анҷом шавад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 17:30, аз Теҳрон соати 20:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Тибқи ҷадвали муқарраршуда, аз 10-уми феврал парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ҳафтае як маротиба – рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд. Парвоз аз Душанбе — соати 14.30, аз Теҳрон — соати 17.20 ба вақти махаллӣ сурат мегирад.

Вақти сафар аз Душанбе то Теҳрон – 2 соату 50 дақиқа, дар самти муқобил – 2 соату 20 дақиқа мебошад.

Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.

Барои маълумоти иловагӣ ба маркази тамоси ширкати ҳавопаймоӣ муроҷиат кунед:

+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50,

+992 (93) 777 74 59.

Ширкати "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ фаъолият дорад ва узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкати "Сомон Эйр" аз ҳавопаймоҳои оилавии Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст.

Ширкат ба тавсеаи шабакаи масири ҳамлу нақли ҳавоӣ тамаркуз карда, айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.