Шавкат Бобозода баъди барқарор кардани 280 ҳазор доллар ва пардохти 128 ҳазор сомонӣ ҷарима озод шудааст

Шавкат Бобозода, раиси пешини Агентии содирот ва вазири қаблии саноат, ки моҳи сентябри соли гузашта бо гумони тақаллуб дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуда буд, пас аз чор моҳи ҳабс ва барқарор кардани 280 ҳазор доллар, бо пардохти 128 ҳазор сомонӣ ҷарима озод шудааст. Дар ин хусус имрӯз, 27-уми январ, Радиои Озодӣ бо такя ба […]

Asia-Plus

Шавкат Бобозода, раиси пешини Агентии содирот ва вазири қаблии саноат, ки моҳи сентябри соли гузашта бо гумони тақаллуб дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуда буд, пас аз чор моҳи ҳабс ва барқарор кардани 280 ҳазор доллар, бо пардохти 128 ҳазор сомонӣ ҷарима озод шудааст.

Дар ин хусус имрӯз, 27-уми январ, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ дод.

Ин расона навишт, ки ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе рӯзи 27-уми январ содир шуд ва як манбаи боварбахши дар ин додгоҳ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, Шавкат Бобозода 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (128 ҳазор сомонӣ) ҷарима шуд.

"Бобозода зарари расондаро барқарор кард. Аз ин рӯ, додгоҳ нисбат ба ӯ ҷазоро дар намуди ҷарима раво дид. Шавкат Бобозода ба миқдори зиёда аз 280 ҳазор доллар зарарро ба давлат барқарор кард", – навишт ин расона.

Дар хусуси вокуниши Шавкат Бобозода ва наздикони ӯ маълумот дода намешавад.

Ёдовар мешавем, ки Шавкат Бобозода яке аз мансабдорони собиқадори ҳукумат буда, аз соли 2013 то 2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд.

Соли 2019 аз ин мансаб озод ва ба симмати директори сохтори навтаъсиси Агентии содироти Тоҷикистон нишаст. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.

Пас аз боздошт, 29-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Шавкат Бобозодаро аз вазифаи директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.