Дар Тоҷикистон 10 кони нави тилло ёфт шуд

Роҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз, 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ 10 кони нави тилло ёфт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, конҳои нав дар қисмати марказии Тоҷикистон ва ВМКБ ҷойгир буда, захираҳои онҳо пас аз таҳқиқоти дахлдор дақиқан муайн карда мешаванд. “Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои Муъминобод […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Роҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз, 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ 10 кони нави тилло ёфт шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, конҳои нав дар қисмати марказии Тоҷикистон ва ВМКБ ҷойгир буда, захираҳои онҳо пас аз таҳқиқоти дахлдор дақиқан муайн карда мешаванд.

“Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин дар масофаи умумии 52,5 километр 13 қитъаи тиллои рехта ошкор шуда, ба Вазорати молия ҷиҳати додани иҷоза ба аҳолӣ барои гирифтани он пешниҳод шуд”, – илова намуд Оймуҳаммадзода.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад. Дар ҷумҳурӣ 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ мавҷуданд.

Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба ин корхона рост меояд.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла истихроҷи тилло машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина», инчунин ширкати «Пакрут» мебошанд.

Соли гузашта ширкати ТВЕА-и Чин ба коркарди ду кони тилло  дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд шурӯъ кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.