Дар радабандии коррупсия Тоҷикистон боз дар зинаи 150-ум қарор гирифт

Дар Индекс (Шохис)-и навбатии дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index)-и созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии Transparency International  ё худ Ҳаракати байнулмилалии зиддифасод Тоҷикистон дар зинаи 150-ум қарор гирифтааст. Байни 180 кишвари саросари дунё Тоҷикистон ҳамроҳи Афғонистон, Камбоҷа, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Гватемала, Лубнон ва Нигерия мақоми 150-умро ишғол мекунад. Дар Индекси Transparency International кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 […]

Дар Индекс (Шохис)-и навбатии дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index)-и созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии Transparency International  ё худ Ҳаракати байнулмилалии зиддифасод Тоҷикистон дар зинаи 150-ум қарор гирифтааст.

Байни 180 кишвари саросари дунё Тоҷикистон ҳамроҳи Афғонистон, Камбоҷа, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Гватемала, Лубнон ва Нигерия мақоми 150-умро ишғол мекунад.

Дар Индекси Transparency International кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 имтиёз баҳогузорӣ мешаванд. Нишондиҳандаи “сифр” (0) сатҳи баландтарини ришвахорӣ  ва “сад” (100) мизони пасттаринни коррупсия ё худ ҷой надоштани коррупсияро нишон медиҳад. Тоҷикистон 24 балл касб намудааст, ки 1 балл камтар нисбат ба солҳои пешин аст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки мақомоти кишварҳо ислоҳоти зарурӣ намегузаронанд, то ки коррупсия аз байн бурда шавад ва кори мақомоти судиву сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаффоф нест.

Индекси дарки коррупсияро дар 180 кишвар арзёбӣ мекунанд. Назарпурсӣ дар доираҳои корӣ ва миёни мутахассисону коршиносон аз ҷумлаи асосҳои таҳқиқот мешавад.

Таҳлилгарон дар гузориши нав зикр мекунанд, ки кишварҳои худкома (авторитарӣ) ҳарчи бештар коррупсияро ба сифати абзори сиёсати хориҷӣ барои таъсир ба кишварҳои демократӣ истифода мебаранд.

Алтинай Мирзабекова мушовири минтақаӣ дар Тransparency International, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар шохис ё индекси фасод, ки кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи меъёри 100-холӣ раддабандӣ шудаанд, Тоҷикистон 24 хол дорад ва ин гувоҳи он аст, ки коррупсия дар Тоҷикистон ниҳодина шудааст (расм шудааст).

Ба гуфтаи ӯ, “дар Тоҷикистон солҳои охир худкомагӣ тақвият ёфта, мақомот барои муқобила бо коррупсия ислоҳоти зарурӣ намегузаронанд”.

“Набудани шаффофият дар кори додгоҳҳову ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, набудани таҷрибаи гузоришдиҳии мақомот дар назди ҷомеа ва бархӯрди манфиатҳо дар зинаҳои болоиву миёнаи ҳукумат “нишонаи амиқ будани фасод дар ҷомеа аст”, – илова кардааст коршинос.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.