Парвози мустақим аз Душанбе ба Урумчӣ барқарор мешавад. 8-уми феврал

Баъди тақрибан се соли қатъи парвоз бо Чин дар пайи хуруҷи бемории COVID-19, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 8-уми феврал парвози мустақимро аз Душанбе ба шаҳри Урумчии Чин дубора оғоз мекунад. Дар ин бора Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати “Сомон-Эйр” имрӯз, 1-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, аввал ду павоз дар як ҳафта […]

Баъди тақрибан се соли қатъи парвоз бо Чин дар пайи хуруҷи бемории COVID-19, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 8-уми феврал парвози мустақимро аз Душанбе ба шаҳри Урумчии Чин дубора оғоз мекунад. Дар ин бора Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати “Сомон-Эйр” имрӯз, 1-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, аввал ду павоз дар як ҳафта – як парвоз аз тарафи "Сомон Эйр" ва як парвоз аз тарафи ширкати чинӣ анҷом дода шуда, интизор меравад моҳи март шумораи парвозҳо бештар карда шавад.

Абдулқосим Валиев гуфт, талаботи аҳолии Тоҷикистон барои парвозҳо бо Чин дар як ҳафта 6 парвоз (3 парвоз аз Тоҷикистон ва 3-тои дигар аз Чин) аст ва онҳо кӯшиш  мекунанд ин ҳама барқарор шавад.

"Дар назар аст, ки  дар моҳҳои феврал ва март парвозҳои мустақим ба Исломобод оғоз гардад ва худи ҳамин рӯз мо посухи ҷониби Арабистони Саудиро дар робита ба парвози мустақим ба ин самт интизорем. Дар сурати тасдиқ ёфтан, аз Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Хуҷанд  ба Арабистони Саудӣ на кам аз 3 павроз дар як ҳафта ба нақша гирифта шудааст",- гуфт Абдулқосим Валиев.

Парвозҳо дар самти "Душанбе-Урумчи" баъд аз он фаъол мешавад, ки Чин маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19-ро бекор кард.  Тақрибан се сол пеш дар пасманзари хуруҷи бемории коронавирус Чин ва Тоҷикистон парвозҳои мустақимро ба кишварҳои якдигар қатъ карда буданд.

Парвози мустақим аз Душанбе ба Тифлису Бокуву Лондон

Дар нишасти матбуотии имрӯза, Дилшод Сафарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки  9-уми апрели соли 2023 дар масири Душанбе-Тифлис ва моҳи майи соли равон  парвози мустақим аз Душанбе ба Боку анҷом дода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, тасмими барқарор кардани парвози мустақим аз Душанбе ба Тифлис аз сӯи Гурҷистон пешниҳод гардид.

Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфт, масълаи ҳуҷҷатгузорӣ барои парвози мустақим бо Боку бо ширкати “Азар”-и Озорбойҷон аллакай, мувофиқа шудааст.

“Дар назар аст, ки бо Британияи Кабир низ парвозҳои мустақим оғоз шавад. Охир моҳи март созишнома бо ин кишвар дар пайи як сафари расмӣ ба имзо мерасад. Мо аллакай, таъиноти масири Лондонро додем. Аз рӯи талаботи бозор ширкатҳо метавонанд, ки парвоз кунанд”, – илова кард Дилшод Сафарзода.

Ӯ дар робита ба имзои созишнома бо дигар кишвар ва то ҳол оғоз нагардидани парвозҳо гуфт, ҳарчанд созишномаҳо барвақттар ба имзо мерасанд, вале барқароркунии парвоз ба ширктаҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва он кишварҳо вобаст аст.

“Аз ҷониби мо ҳамаи шароитҳо муҳайё аст”,- гуфт ӯ.

Қаблан, Тоҷикистон барои парвози мустақим бо чанде аз кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Кореяи Ҷанубӣ, Украина, Малайзия, Умон ва дигар давлатҳо созишнома ба имзо расонида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.