“Тоҷик Эйр” ду “Airbus” ба иҷора гирифт. Ин ширкат дубора парвозро оғоз карданӣ аст

Ширкати “Тоҷик Эйр” охири моҳи декабри соли гузашта аз ширкати ҳавопаймоии “Southwind”-и Туркия ду ҳавопаймои "Airbus"-ро ба иҷора гирифт, ҳоло интизори барқарор кардани парвозҳо мебошад. Парвиз Шодмонзода, роҳбари “Тоҷик Эйр” дар нишасти матбуотӣ, рӯзи 1-уми феврал гуфт, барои эҳёи парвозҳо ва тасдиқи истифодаи ҳавопаймоҳои ба иҷорагирифта ба Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва Шурои нозирони ширкати […]

Ширкати “Тоҷик Эйр” охири моҳи декабри соли гузашта аз ширкати ҳавопаймоии “Southwind”-и Туркия ду ҳавопаймои "Airbus"-ро ба иҷора гирифт, ҳоло интизори барқарор кардани парвозҳо мебошад.

Парвиз Шодмонзода, роҳбари “Тоҷик Эйр” дар нишасти матбуотӣ, рӯзи 1-уми феврал гуфт, барои эҳёи парвозҳо ва тасдиқи истифодаи ҳавопаймоҳои ба иҷорагирифта ба Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва Шурои нозирони ширкати “Тоҷик Эйр” пешниҳодҳо ирсол шудааст.

Ширкати мазкур ба далели мушкилоти техникию молиявӣ аз сентябри соли 2020 ба ин сӯ парвозҳои мунтазамро қатъ кардааст. Тибқи иттилои дастрасгардида, то чанде пеш дар басти корӣ (штат)-и ширкат ҳамагӣ якчанд роҳбарон қарор доштанд ва кормандони боқимондаро аз соли 2018 ба рухсатии бемузд фиристода буданд.

Аммо роҳбари навтаъини ширкат мегӯяд, ки ҳоло дар марҳилаи барқарор кардани парвозҳо қарор доранд ва агар пешниҳодҳои онҳо ба сарвазир ва Шӯрои нозирон пазируфта шавад, онҳо парвозҳоро аз сар мегиранд.

– Мо мунтазири Шӯрои нозирон ҳастем. Агар онҳо тасдиқ кунанд, ҳавопаймои аз Туркия ба иҷора гирифташуда ба Душанбе оварда шуда, парвозҳо аз сар гирифта мешаванд. Умед ҳаст, ки шӯро тасдиқ мекунад,- гуфт Парвиз Шодмонзода.

Ба гуфтаи роҳбари ширкати “Тоҷик Эйр” айни ҳол қарзҳои дебитории ширкат 60,10 млн сомонӣ буда, қарзи кредитории он 449,3 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2021 24,8 млн сомонӣ кам мебошад.

“Вақте парвозҳо оғоз шуд, масъалаи қарзи ширакат низ баррасӣ мешавад”, – иброз дошт Парвиз Шодмонзода.

Ёдовар мешавем, ки қаблан парлумони кишвар ин ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла “Тоҷик Эйр”-ро ба муддати 5 сол аз пардохти андози даромад ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда буд.

Он замон ҳадафи иқдоми мазкурро вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода “тақвият бахшидани фаъолияти ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ” маънидод намуд.

Ин ягона имтиёз барои “Тоҷик Эйр” ҷиҳати раҳоӣ аз варшикастагӣ набуда, пештар, соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон қарзҳои “Тоҷик Эйр”-ро ба маблағи зиёда аз 2,6 млн доллар аз эътибор соқит кард.

Он замон, тибқи маълумоти баъзе манбаъҳо, қарзи “Тоҷик Эйр” ба бонкҳои гуногун, фурудгоҳ ва ширкатҳои хидматрасон то 40 млн долларро ташкил медод.

Тобистони соли 2018 бошад, бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ширкат ҳукумати Тоҷикистон Шӯрои махсуси нозирон таъсис дод.

Аз ҷониби ин Шӯро барномаи махсуси дастгирии ширкати ҳавопаймоӣ таҳия шуд, ки дар он, аз ҷумла мақомоти давлатии дахлдор уҳдадор карда шуданд, ки ба воситаи хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ширкат сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷиро ҷалб намоянд.

Ивази роҳбари ширкатро метавон охирин кӯшиши ҳукумат ҷиҳати раҳоии он аз вартаи нобудӣ номид. 29-уми сентябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон роҳбарии ширкатро Парвиз Шодмонзода, ки то таъин шудан ба ин мансаб ба ҳайси муовини директори Фурудгоҳи байнулмилалии “Бохтар” кор мекард, ба уҳда гирифт.

Ба гуфтаи манбаъҳои наздик ба роҳбари нав, Парвиз Шодмонзода қаблан дар ширкати “Тоҷик Эйр” кор карда, “вазъиятро аз дохил хеле хуб медонад” ва илова бар ин, “яке аз мутахассисони беҳтарини Тоҷикистон дар соҳаи авиатсия мебошад”.

Роҳбарони қаблии ширкат аз ҷониби раисиҷумҳури кишвар мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...