Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи нафту газ дар қаламрави ҷумҳурӣ идома медиҳад

Ба корҳои иктишоф (разведка)-и конҳои нафту газ дар Тоҷикистон ду ширкат – «Bokhtar Operating Company»  ва «Сомон-Ойл» машғуланд. Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар кишвар истихроҷ ва коркарди ҳаҷми начандон зиёди нафту газ ба роҳ монда шудааст, лекин он барои расидан ба ҳадафҳои стратегии […]

Ба корҳои иктишоф (разведка)-и конҳои нафту газ дар Тоҷикистон ду ширкат – «Bokhtar Operating Company»  ва «Сомон-Ойл» машғуланд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар кишвар истихроҷ ва коркарди ҳаҷми начандон зиёди нафту газ ба роҳ монда шудааст, лекин он барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат кофӣ нест.

Ба гуфтаи Оймуҳаммадзода, бисёре аз конҳои нафту газ ба омӯзиши ҷиддии геологӣ ниёз доранд.

“Бо сабаби хусусиятҳои тектоникии кишвар, захираҳои нафту газ чуқур буда, пармакунии чоҳҳо душвор ва гарон аст, – гуфт ӯ. – Масалан, “Сомон-Ойл” барои дарёфти қабати нафт бояд 4 километр чуқурӣ парма мекард, аммо бинобар мушкилоти молӣ муваққатан корро қатъ кард”.

Роҳбари Саридораи геологияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ба  корҳо дар ин самт идома дода мешавад.

Конҳо дар қисми шимолии Тоҷикистон, дар ҳудуди водии Фарғона ва дар ҷануб – дар ҳудуди қаламрави Афғонистону Тоҷикистон ҷойгиранд.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки кашфи як кони бузурги газу нафт дар Тоҷикистон метавонад барои сармоягузории ҷиддӣ ба ин бахши кишвар, ки бӯҳрони энергетикӣ дорад, роҳ боз кунад.

Захираҳои кашфшудаи нафт дар Тоҷикистон 2,2 млн тонна ва газ – 3,4 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад. Тавре ки қаблан зикр гардида буд, дар Тоҷикистон 28 кони нафт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.