“Қувваҳои зидди давлат аз қазияи Кӯлоб истифода мебаранд”. Шарҳи прокурори минтақаи Кӯлоб

Баҳодур Ҷӯрахон, иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб рӯзи 1-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба қазияи марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки боиси эътирози даҳҳо нафар дар назди ҳукумати шаҳр гардид, як нафар милиса боздошту, ду милисаи дигар бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист, озод шудаанд. “Абдуқаҳҳор Розиқов дар утоқи […]

Билоли Шамс, махсус барои "Азия-Плюс"

Баҳодур Ҷӯрахон, иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб рӯзи 1-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба қазияи марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки боиси эътирози даҳҳо нафар дар назди ҳукумати шаҳр гардид, як нафар милиса боздошту, ду милисаи дигар бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист, озод шудаанд.

“Абдуқаҳҳор Розиқов дар утоқи кории корманди оперативӣ Шарипов Шамшод фавтидааст, аз ин лиҳоз ин корманди милиса дар боздошт қарор дорад. Нисбати ду нафари дигар тафтишот идома дорад”, – гуфт Баҳодур Ҷӯрахон.

Бояд гуфт, ки 3-юми январ даҳҳо сокини Кӯлоб дар назди сардхона эътироз карда, хостори муайян кардани сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин корро карданд. Он замон мақомот аввал аз боздошти се милиса хабар доданд ва баъдан гуфтанд, ки ду нафари онҳо бо шарти тарк накардани маҳалли зист раҳо шудаанд.

Баҳодур Ҷӯрахон мегӯяд, ки ҳоло онҳо натиҷаи ташхисро интизоранд ва интизор меравад, ки рӯзҳои наздик натиҷаи ташхис барояд.

Дар ин баробар, иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб аз рафтори эътирозгарон низ норозигии худро баён кард.

“Мо бо пайвандони марҳум бо дарки ҳолати рӯҳии онҳо муносибат кардем. Рафтори онҳо низ нодуруст буд, ки тирезаҳои бинои МОРГ-ро шикастанд, аммо мо эҳсосоти онлаҳзаинаи онҳоро дарк карда, бархӯрд намудем. Ҳамин буд, ки ҳоло наздикони марҳум бо мо ҳамкорӣ доранд ва ҳолати воқеии кор тафтиш мешавад”, – гуфт Баҳодур Ҷӯрахон.

Нуктаи дигаре, ки ӯ таваҷҷӯҳ намуд, ин таъсири “нерӯҳои манфиатдор” ба ҳодисаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва эътирози наздиконаш буд.

“Эҳсос мекунем, ки баъзе қувваҳое, ки бар зиди давлат ҳастанд, бар зидди халқу миллат ҳастанд, қазияи Кӯлобро моҳирона ба манфиати худ истифода бурда истодаанд”, – гуфт Баҳодур Ҷӯрахон.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3-юми январ наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов дар назди сардхона эътироз карда, хостанд сабаби марги ӯ мушаххас шавад ва гунаҳкорон ҷазо гиранд.

Абдуқаҳҳор Розиқов ба иттиҳоми даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир шаби 2-юми январ дар Кӯлоб боздошт шуд ва дар шароити мармуз даргузашт.

Наздиконаш мегӯянд, ӯ зери шиканҷа ҷон додааст. Вазорати корҳои дохилӣ дар эъломияе гуфт, ӯ бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт. Додситонии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз тафтиш сабаби марги ӯро маълум накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.