“Ягон гуреза ҷарима нашуд”. Афзоиши теъдоди гурезаҳои афғонистонӣ дар Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов теъдоди гурезаҳои афғонистонӣ ба якборагӣ афзоиш ёфта, аз 3-4 оилаи бист соли пеш ба 203 нафар расидааст. Аксари онҳо дар ҷамоати Деҳмой ва шаҳраки Меҳробод иқомат доранд. Дар ин хусус Тоҳир Қудратзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов имрӯз, 2-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Раиси ноҳия сабаби афзоиши якбораи гурезаҳои афғонистониро ба […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов теъдоди гурезаҳои афғонистонӣ ба якборагӣ афзоиш ёфта, аз 3-4 оилаи бист соли пеш ба 203 нафар расидааст. Аксари онҳо дар ҷамоати Деҳмой ва шаҳраки Меҳробод иқомат доранд. Дар ин хусус Тоҳир Қудратзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов имрӯз, 2-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Раиси ноҳия сабаби афзоиши якбораи гурезаҳои афғонистониро ба ишғоли Афғонистон аз сӯйи Толибон* рабт дода, мегӯяд, “аксари онҳо хоҳиш доранд ба ватани худ баргарданд”.

“Вақте бо онҳо суҳбат мекунед, аксари онҳо мегӯянд, ки хоҳиши ба ватан баргаштанро доранд”, – мегӯяд Тоҳир Қудратзода.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, муносибат бо гурезаҳо хуб буда, ҳеҷ яке аз онҳо ҷарима нашудаанд.

“Ҳар моҳ се бор санҷиш гузаронида мешавад ва то ҳол ҳеҷ як гуреза барои риоя накардани қоидаи будубош, ҷарима нашудааст”, – гуфт раиси ноҳия.

Ба қавли Тоҳир Қудратзода, дар умум гурезаҳои афғонистонии Ҷаббор Расулов бо қонуну қоидаи ҷории кишвар ҳеҷ мушкил надошта, бо сокинони маҳаллӣ қаробат пайдо кардаанд ва дар чорабиниҳои ноҳия низ иштирок мекунанд.

Мувофиқи иттилои дастрасгардида, қисме аз гурезаҳо дар “Афғонбозор”-и шаҳри Хуҷанд ва чанди дигар дар бозори “Ашроф”-и ноҳияи Ҷ.Расулов ба тиҷорат низ машғуланд.

Ягона мушкили гурезаҳои афғонистонӣ ин надонистани хати сирилик будааст.

Абдуҷалил Шодиев, мудири маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, ки 48 нафар фарзандони гурезаҳо дар мактабҳои ноҳия таҳсил мекунанд ва ягона мушкили онҳо хат аст.

“Азбаски хат дар Тоҷикистону Афғонистон фарқ мекунад, айни ҳол ҳамаи фарзандони гурезаҳо, ки дар мактаб мехонанд, бо дарси иловагии ройгон фаро гирифта шудаанд”, – мегӯяд Абдуҷалил Шодиев.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон сокинони зиёди манотиқи шимолии ин кишвар ба Тоҷикистон паноҳ бурданд ва зиндагӣ ихтиёр карданд.

Аксари онҳо дар ноҳияи Ваҳдат, наздикии пойтахти кишвар маскун шудаву зиндагӣ доранд. Қисме аз онҳо Тоҷикистонро ҳамчун давлати транзитӣ истифода кардаву ба кишварҳои сеюм сафар карданд, аммо то ҳол як теъдоди гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд.

Дар хусуси теъдоди дақиқи онҳо маълумот дастрас нест, аммо бино ба маълумотҳои ғайрирасмӣ, теъдоди онҳо атрофи 10 ҳазор нафар метавонад бошад. Таҳияи гузориш оид ба шароити зисти онҳо низ бидуни иҷозаи мақомот ғайриимкон аст.

Дар гузашта, расонаҳои кишвар аз ҳолатҳои ихроҷи иҷбории онҳо иттилоъ дода буданд, аммо мақомот даъво доранд, танҳо онҳое, ки қоидаи будубошро вайрон карданд, муҷозот мешаванд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.