Тоҷикистон омодааст ба Туркия 40 наҷотдиҳанда фиристад

Дар ин бора Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз, 7-уми феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Субҳи имрӯз аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки барои фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия ҷиҳати рафъи оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо супориши раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа ҷараён дорад. […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар ин бора Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз, 7-уми феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Субҳи имрӯз аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки барои фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия ҷиҳати рафъи оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо супориши раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа ҷараён дорад.

Ҳоло оид ба натиҷаи ҷаласаи мазкур маълумоти муфассал дастрас нест.

Дар ҳамин ҳол кишварҳои Осиёи Марказӣ наҷотдиҳандагони худро аллакай ба Туркия фиристоданд.

Аз ҷумла, субҳи имрӯз бо супориши президенти Қазоқистон наҷотбахшони ин кишвар ба Туркия сафар карданд.

Ҳамчунин, 63 нафар наҷотдиҳандагони Қирғизистон низ имрӯз ба Туркия сафар карданд.

Ӯзбекистон ҳам ҳадаф дорад, ки 60 нафар наҷотдиҳандаи худро ба Туркия фиристад.

Гуфтан ба маврид аст, ки субҳи 6-уми феврал, заминларзаи шадид бо шиддати 7.8 балл манотиқи ҷанубу шарқи Туркия ва шимоли Сурияро такон дод. Баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз заминларзаи дигаре бо шиддати 7.5 бал рух дод, ки омори қурбониёнро беш аз ҳадд боло бурд.

То ҳол теъдоди қурбониён беш аз 3 ҳазор гуфта мешавад, аммо он ҳар лаҳза афзоиш меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.