Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия аз 15 ҳазор нафар гузашт

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 12 391 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории маҳаллии Anadolu бо истинод ба Идораи ҳолатҳои изтирорӣ (AFAD). Рӯзномаи Hurriyet бо такя ба ҳамин ниҳод навиштааст, ки теъдоди маҷрӯҳшудагон тақрибан ба 63 ҳазор нафар расидааст. Дар ин бора  хабаргузории РИА Новости хабар медиҳад. Дар Сурия бошад, тибқи омори охирини Вазорати тандурустии […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 12 391 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории маҳаллии Anadolu бо истинод ба Идораи ҳолатҳои изтирорӣ (AFAD).

Рӯзномаи Hurriyet бо такя ба ҳамин ниҳод навиштааст, ки теъдоди маҷрӯҳшудагон тақрибан ба 63 ҳазор нафар расидааст. Дар ин бора  хабаргузории РИА Новости хабар медиҳад.

Дар Сурия бошад, тибқи омори охирини Вазорати тандурустии ин кишвар теъдоди қурбониён ба беш аз 2992 нафар расида, зиёда аз ду ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бо гузашти се рӯз аз заминларзаи харобиовар дар Туркияву Сурия то ҳол наҷотдиҳандагон аз зери биноҳои фурӯрафта одамони зиндамондаро берун мебароранд.

Ҳоло ба ин кишвар аз давлатҳои гуногун садҳо наҷотдиҳанда сафарбар гардида, ба ҳамкасбони турки худ барои бартараф кардани оқибатҳои заминларза кӯмак мерасонанд.

Аз ҷумла, Тоҷикистон низ субҳи имрӯз, 9-уми феврал ба Туркия кумаки башардӯстона ва 50 нафар имдодгаронро фиристод. Ба ҳайати гурӯҳ имдодгарони соҳибтаҷриба, табиби ҷарроҳ ва ҷароҳатбанд шомиланд.

Дар Туркия бошад, бо дастури раисҷумҳури ин кишвар 7 рӯз мотами миллӣ эълон гардидааст.

Бояд гуфт, ки Туркия ва Суриявро субҳи барвақти рӯзи 6-уми феврал заминларзаи шадид бо қувваи 7,7 балл такон дод. Худи ҳамон рӯз заминларза бо ҳамин шиддат такрор ёфт, ки ин миқёси харобиҳоро зиёд ва теъдоди қурбониёну маҷрӯҳонро афзуд.

Дар хусуси тоҷикони муқими Туркия ва шароити онҳо то ҳол маълумоти эътимоднок дар даст нест. Маълум нест, ки касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ин офати табии зарар дидааст ё не.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.