Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқоти байнулмилалии тенниси наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон ба анҷом мерасад ва то ин дам аллакай ғолиби нахустини ин мусобиқот муайян шуд.
Муовини раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Ибод Шарифӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мусобиқоти инфиродӣ байни писарон варзишгари тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад дар қувваозмоии ниҳоӣ ба теннисбози ӯзбекистонӣ Тимур Ҳабибуллин бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омада, соҳиби ҷом гардид. Ғолибони дигари мусобиқот шоми имрӯз муайян карда мешаванд.
Ба ҳашт нафар теннисбози беҳтарин ва чор ҷуфти варзишгарон, ки ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд, мукофотҳо дода мешаванд. Мукофоти асосии мусобиқа Ҷоми Президент ва 1000 доллари ИМА мебошад.