ТАЛКО аз ҳисоби фурӯши алюминии аввалия 140 млн доллар даромад ба даст овард

Дар соли 2022 истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон 62 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки  2,5% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 аст, хабар дод Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал дар Душанбе. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ҷумҳурӣ 51 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба маблағи 140 млн […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар соли 2022 истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон 62 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки  2,5% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 аст, хабар дод Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал дар Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ҷумҳурӣ 51 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба маблағи 140 млн доллар ба хориҷи кишвар содир кардааст.

Вазир зикр кард, ки аз лиҳози нарх содироти алюминии аввалия дар соли гузашта ба андозаи 3,6% зиёд шуд.

Завқизода таъкид дошт, ки соли 2022 дар ҳаҷми 80 ҳазор тонна истеҳсоли алюминии аввалия ва 50 ҳазор тонна содироти он пешбинӣ гардида буд.

Ӯ илова намуд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли ҳудуди 100 ҳазор тонна алюминии аввалия дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ба истеҳсоли ин навъи фулузот (металл) дар Тоҷикистон ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) – яке аз бузургтарин корхонаҳои ин соҳа дар паҳнои ИДМ ва ягона тавлидгари алюминий дар ОсиёиМарказӣ машғул аст.

Ин корхонаи бузургро тайи солҳои 60-70-уми асри гузашта тамоми мардуми шӯравӣ сохта, то ҳол бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Иқтидори лоиҳавии корхона истеҳсоли 517 ҳазор тонна алюминии аввалия дар як сол мебошад.

Истеҳсоли алюминии аввалия аз 420 ҳазор тонна дар соли 2007 то 103 ҳазор тонна дар соли 2017 кам шуд.

Истеҳсоли он дар сатҳи пешбинишуда дар соли 2023 бори охир дар соли 2019 (101 ҳазор тонна) ба қайд гирифта шуд.

Дар солҳои пандемияи 2020-2021 истеҳсоли алюминии аввалия қариб ду баробар коҳиш ёфт.

Ҳиссаи алюминии аввалия, ки замоне маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёфт, дар соли 2022 дар ҳаҷми умумии содирот ҳамагӣ 6,5%-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.