Теъдоди қурбониён аз заминларза дар Туркия ва Сурия ба зиёда аз 40 ҳазор нафар расид

Шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Туркия ба зиёда аз 35 ҳазор нафар расид, хабар дод президенти ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Ин рақам аз нишондиҳандаи заминларзаи соли 1939 зиёдтар буда, акнун фоҷеаи моҳи феврали соли равон дар таърихи муосири Туркия харобиовартарин дониста мешавад, менависад ВВС. Теъдоди умумии қурбониён дар Сурия бо шумули ҳалокшудагон дар минтақаи […]

Шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Туркия ба зиёда аз 35 ҳазор нафар расид, хабар дод президенти ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Ин рақам аз нишондиҳандаи заминларзаи соли 1939 зиёдтар буда, акнун фоҷеаи моҳи феврали соли равон дар таърихи муосири Туркия харобиовартарин дониста мешавад, менависад ВВС.

Теъдоди умумии қурбониён дар Сурия бо шумули ҳалокшудагон дар минтақаи ошӯбгарон ва дар ноҳияҳои таҳти назорати ҳукумат ба 5 ҳазору 800 нафар расид, хабар медиҳад нашрия.

“Шумори умумии кӯдакони осебдида аз ду заминларза дар Туркия 4,6 млн нафарро ташкил медиҳад. Дар Сурия 2,5 млн нафар кӯдакон осеб диданд”, – хабар додааст ба рӯзноманигорон сухангӯи ЮНИСЕФ Ҷеймс Элдер.

Рӯзи сешанбе имдодгарон аз зери харобаҳо Муҳаммад Энес Енинари 17-соларо ҳамроҳи бародари 21-солааш Абдулбоқӣ пас аз 198 соати пас аз заминларза берун гирифтанд.

Ҳамчунин рӯзи сешанбе дар Қаҳрамонмаръаш имдлодагрон аз зери вайронаҳо як писар ва як мардро наҷот доданд. Онҳо 200 соатро зери вайронаҳо паси сар кардаанд.

Расонаҳои Туркия навиштаанд, ки имдодгарон то ҳол умедворанд, ки дар чанд макони дигар, ки дар зери харобаҳо осори ҳаёт пайдо шудааст, наҷотёфтагонро пайдо кунанд.

Президенти Туркия Эрдуғон рӯзи сешанбе хабар дод, ки дар қорҳои наҷотдиҳӣ ба сурати умум 249 ҳазор нафар иштирок доранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир беш аз 13 ҳазор нафар шаҳрвандони ин кишвар дар бемористонҳо табобат мегиранд.

Эрдуғон зикр кардааст, ки корҳои наҷотдиҳӣ дар манотиқи офати табиӣ то замони берун овардани охирин нафари зиндамонда аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрехта идома хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.