Дар вилояти Суғд 25 нафарро барои насупоридани алимент аз озодӣ маҳрум кардаанд

Date:

Соли 2022 дар вилояти Суғд нисбати 254 нафар (соли 2021 – 234) барои саркашӣ аз пардохти алимент ба прокуратура пешниҳод ворид шудааст, ки 180 адади он тибқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятӣ қонеъ гардидааст. Аз ин теъдод, 25 нафар аз озодӣ маҳрум гардида, 152 нафари дигар ба корҳои ислоҳӣ ё ҳатмӣ фиристода шудаанд. 3 нафари дигар бошад, бо ҷарима раҳо шудаанд.

Дар ин хусус, Алиҷон Амонзода, сардори Раёсати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд, дирӯз, 15-уми феврал, дар нишати матбуотӣ хабар дод.

Ҳамчунин, 97 нафаре, ки аз пардохти алимент саркашӣ кардаву ҷойи истиқомати доимиашон маълум нест, дар кофтуков қарор доштаанд.

“Мо ному насаби афроди қарздорро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудаем ва дар баъзе шаҳру навоҳӣ акси онҳо дар тахтаи афроди ҷустуҷӯшаванда насб гардидааст”, – гуфт Алиҷон Амонзода.

Ба қавли ӯ, минбаъд, онҳое, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, ҳудуди кишварро низ тарк карда наметавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...