Дар вилояти Суғд 25 нафарро барои насупоридани алимент аз озодӣ маҳрум кардаанд

Соли 2022 дар вилояти Суғд нисбати 254 нафар (соли 2021 – 234) барои саркашӣ аз пардохти алимент ба прокуратура пешниҳод ворид шудааст, ки 180 адади он тибқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятӣ қонеъ гардидааст. Аз ин теъдод, 25 нафар аз озодӣ маҳрум гардида, 152 нафари дигар ба корҳои ислоҳӣ ё ҳатмӣ фиристода шудаанд. 3 нафари дигар […]

Соли 2022 дар вилояти Суғд нисбати 254 нафар (соли 2021 – 234) барои саркашӣ аз пардохти алимент ба прокуратура пешниҳод ворид шудааст, ки 180 адади он тибқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятӣ қонеъ гардидааст. Аз ин теъдод, 25 нафар аз озодӣ маҳрум гардида, 152 нафари дигар ба корҳои ислоҳӣ ё ҳатмӣ фиристода шудаанд. 3 нафари дигар бошад, бо ҷарима раҳо шудаанд.

Дар ин хусус, Алиҷон Амонзода, сардори Раёсати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд, дирӯз, 15-уми феврал, дар нишати матбуотӣ хабар дод.

Ҳамчунин, 97 нафаре, ки аз пардохти алимент саркашӣ кардаву ҷойи истиқомати доимиашон маълум нест, дар кофтуков қарор доштаанд.

“Мо ному насаби афроди қарздорро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудаем ва дар баъзе шаҳру навоҳӣ акси онҳо дар тахтаи афроди ҷустуҷӯшаванда насб гардидааст”, – гуфт Алиҷон Амонзода.

Ба қавли ӯ, минбаъд, онҳое, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, ҳудуди кишварро низ тарк карда наметавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.