Тармафароӣ дар Хоруғу Ванҷ. 18 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд

Бар асари тармафуроии 15-уми феврал дар шаҳри Хоруғ 16 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд ва хонаҳои зиёд зери тарма монда, вайрон шуданд. Тарма дар кӯчаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ фаромадааст. Дар оғоз гуфта мешуд, ки дар пайи фаромадани тарма 2 нафар ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар, […]

Давлатбегим Имомёрбекова, журналисти шаҳрвандии Asia-Plus

Бар асари тармафуроии 15-уми феврал дар шаҳри Хоруғ 16 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд ва хонаҳои зиёд зери тарма монда, вайрон шуданд.

Тарма дар кӯчаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ фаромадааст. Дар оғоз гуфта мешуд, ки дар пайи фаромадани тарма 2 нафар ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар, бо шумули як кӯдак аз зери барф наҷот дода шуданд.

Аммо дар лаҳзаҳои аввали рух додани ин офати табиӣ, тасдиқ кардани маълумот ва санҷидани он ғайриимкон буд. Танҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар тавассути сомонаи худ маълумот оид ба ҷонбохтагону ҷароҳатбардоштагонро интишор менамуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳову аксҳои зиёд интишор мешуданд, ки дар онҳо аз талафоти бештар иттилоъ дода мешуд.

Ҳоло бошандагони маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ ба қисмати бехавфи шаҳр кӯчонида шудаанд. Аксари онҳо дар хонаҳои наздикону пайвандони худ зиндагӣ доранд.

Онҳо аз он ҳарос доранд, ки тармафуроӣ идома меёбад ва эҳтимоли зери барф мондани хонаҳояшон мавҷуд аст. Аз ин лиҳоз, ба ҳарфи мақомоти масъул гӯш дода, дар макони амн истодаанд.

Дар шаҳри Хоруғ алоқаи мобилӣ ва интернет қатъ шудааст. Аз ин лиҳоз, дарёфти иттилоъ хеле душвор мебошад. Дар баъзе ҷойҳо, интиқоли барқ ҳам қатъ гардидааст.

Онҳое, ки хонаҳои худро тарк кардаанд, мегӯянд, бе барқу интернет ва алоқаи мобилӣ зистан бисёр душвор аст ва ҳамчунин, пайвандонашон ҳам аз дигар манотиқи кишвар дар ташвиш афтодаанд.

Тибқи охирин иттилои дастрасгардида, ҷонбохтагони тармафуроии Хоруғ 16 нафарро ташкил намуда, даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Аксари ҷонбохтагон зодагони ноҳияи Мурғоб мебошанд, ки дар Хоруғ иҷоранишин буданд. Дар миёни қурбониён сокинони худи Хоруғ, рустои Ҷарши ноҳияи Роштқалъа ва рустои Дерзуди ноҳияи Рӯшон низ ҳастанд.

Ҳамчунин, 2 нафари дигар дар ноҳияҳои Ванҷи ВМКБ  зери тарма монда, ба ҳалокат расидаанд. Дар умум, дар ВМКБ бар асари тармафароӣ 18 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои КҲФ, рӯзи 16 феврал корҳои наҷотдиҳӣ дар Хоруғ анҷом ёфт. Дар онҳо намояндагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ, қувваҳо ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ иштирок намуданд.

Тибқи маълумоти ахир, дар пайи тармафуроӣ 4 хона пурра хароб гашта, 35 бинои истиқоматӣ ва 5 иншооти тиҷоратӣ қисман осеб дидаанд.

Айни ҳол, Комиссияи вилоятӣ оид ба вазъияти фавқулода зарарро муайян мекунад. Корҳо барои тоза кардани хонаҳо аз тарма идома доранд.

Дар ҳамин ҳол, зодагони ВМКБ дар маъракаи кӯмак ба зарардидагони офати табииро оғоз кардаанд.

Тибқи иттилои КҲФ, дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, дар кӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ляхш, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки то 19-уми феврал хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Ҳоло роҳҳои Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Лахш, Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ишкошим баста шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.