Қарзи берунаи Тоҷикистон соли гузашта 15,4 млн доллар кам шуд

Ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 млрд 228,3 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҶТ. Ба аввали соли 2022 қарзи берунаи Тоҷикистон ба 3 млрд 243,7 млн доллар баробар буд. Дар сохтори он ҳудуди 95,6%-аш ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 млрд 228,3 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҶТ.

Ба аввали соли 2022 қарзи берунаи Тоҷикистон ба 3 млрд 243,7 млн доллар баробар буд.

Дар сохтори он ҳудуди 95,6%-аш ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”.

Зери ин мафҳум қарзҳои имтиёзнок, ки аз ҷониби давлат барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҷалб мешаванд, дар назар дошта шудааст.

Қарзҳои аз ҷониби муассиса, ташкилот ва ширкатҳои ҷудогона зери кафолати давлат гирифташуда 140,7 млн долларро ташкил медиҳанд.

Ба камшавии ҳаҷми қарзи беруна коҳиши қарзи бевоситаи давлатӣ ба маблағи ҳудуди 65 млн доллар мусоидат намуд.

Ғайр аз ин, давоми сол ба Бонки миллии Тоҷикистон муяссар шуд, ки қарзҳояшро ба Хазинаи байнулмилалии асъор, Чин ва Бонки исломии рушд пурра пардохт намояд.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин боқӣ мемонад, ки ҳаҷми қарзи ҷумҳурӣ аз он зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд, инчунин аз евробондҳо ($500 млн), ки соли 22017 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” гирифта шуда буданд,  низ қарздор аст.

Дар қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 зикр мешавад, ки маблағгузорӣ ба пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли оянда дар ҳаҷми беш аз 2 млрд 347 млн сомонӣ (230 млн доллар) ба нақша гирифта шудааст.

Дар таҳлили муштараки устувории қарзи Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2022 аз ҷониби мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор гузаронида шуд, ҷумҳуриро аз хавфи баланди буҳрони қарзи ҳам хориҷӣ ва ҳам дар маҷмӯъ қарзи давлатӣ огоҳ карданд.

Хавфи буҳрони қарзро мутахассисони ин ниҳодҳо ба омилҳое, аз қабили касри доимии буҷети кишвар, истифодаи зиёди қарзҳои бидуни имтиёз, аз ҷумла 500 млн доллар аз ҳисоби дар соли 2017 ҷойгир кардани вомбаргҳо (облигатсияҳо)-и давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ бо меъёри 7,12% рабт доданд.

Дар Гузориши Бонки ҷаҳонӣ оид ба хароҷоти давлатии Тоҷикистон, ки нимаи моҳи ноябри соли гузашта ба нашр расида буд, зикр гардид, ки сатҳи баланди қарзи кишвар яке аз масъалаи ҷиддии осебпазирии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар дурнамои миёнамуҳлат ҳукумат ба он дучор мешавад.

Ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки аз ҷалби қарз бидуни имтиёз худдорӣ варзида, ба ин тариқ хатари буҳрони қарзиро коҳиш диҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.