Барои кӯшиши пора додан ба муовини сардори милитсияи ноҳияи Рашт 2 нафар маҳкум шуданд

Дар минтақи шарқи кишвар ду сокини ноҳияи Лахш барои пешниҳоди пора ба шахси мансабдор ҳар кадоме ба муҳлати 6 соли зиндон маҳкум шуданд. Тавре ки Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳукм дар ин бора 9 декабри соли гузашта содир шуда, лекин маълумот дар сомонаи ин ниҳод рӯзи 16 феврал нашр шуд. Гуфта мешавад,  сокини ноҳияи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар минтақи шарқи кишвар ду сокини ноҳияи Лахш барои пешниҳоди пора ба шахси мансабдор ҳар кадоме ба муҳлати 6 соли зиндон маҳкум шуданд.

Тавре ки Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳукм дар ин бора 9 декабри соли гузашта содир шуда, лекин маълумот дар сомонаи ин ниҳод рӯзи 16 феврал нашр шуд.

Гуфта мешавад,  сокини ноҳияи Лахш Имомуддин Ҷолдошов тибқи маслиҳати пешакӣ бо Усон Сайфиддинов мехостааст, ки падараш Халил Ҷолдошовро, ки нисбати ӯ мутобиқи моддаи 305 КҶ ҶТ (Хиёнат ба давлат) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кунад.

“Бо ин мақсад Имомуддин Ҷолдошов ба кормандони Раёсати ВКД дар ноҳияи Рашт ба сифати пора 15 ҳазор сомонӣ пешниҳод мекунад, – омадааст дар хабар. – Рӯзи 22 сентябр ӯ ин маблағро ба кабинети муовини сардори Раёсати ВКД-и ноҳия меорад”.

Ба иттилои манбаъ, Ҷолдошов ва Сайфиддинов ҳангоми кӯшиши ба шахси мансабдор додани 15 ҳазор сомонӣ пора аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааанд, лекин гуфта намешавад, ки Сайфиддинов дар ин кор чӣ нақше доштааст.

Нисбати ҳар ду тибқи моддаи 320, қ.2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Додани пора ба шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суди ноҳияи Рашт ҳар кадоме аз онҳо ба муҳлати 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.