Маркази заминларза дар Тоҷикистон дар наздикии кӯли Сарез воқеъ будааст

Date:

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, имрӯз, 23 феврал дар қаламрави Тоҷикистон ду заминларза рух дод, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, заминҷунбиҳо соати 05:37 дақиқа ва соати 05:55 дақиқа  ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудаанд.

“Маркази заминларза  400 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе,  65 километр шарқ аз ноҳияи Мурғоб  ва 30 км шимолтари “Кӯли- Сарез” воқеъ аст”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, қувваи заминларзаи аввал (соати 05:37) дар маркази он 6-7 балл буд ва қувваи заминларзаи дуюм (соати 05:55)  дар маркази он 5-6 бал, дар шаҳри Хоруғ 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

Зимнан зикр мегардад, ки заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надоштааст.

Қаблан субҳи имрӯз котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дода буд, ки қувваи заминларза дар маркази он 3-4 баллро аз рӯйи ҷадвали 12-балла ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ҳамонвақтаи Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, соати 5:37 дақиқаи субҳ дар Тоҷикистон заминларза бо қувваи 6,8 балл ба қайд гирифта шудааст.

Як қатор ВАО бо истинод ба маркази зилзилашиносии Чин иттилоъ доданд, ки қувваи заминларза дар Тоҷикистон ба  7,3 балл баробар буд.

Таконҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Чин ва Покистон дар масофаи то 600 километр аз маркази он эҳсос шудааст.

Пас аз заминларза якчанд таконҳои баъдии он (афтершок) ба амал омад.

Сарези хатарнок

Кӯли Сарезро, ки маркази заминларза дар наздикии он воқеъ буд, зеботарин ва хатарноктарин кӯли Тоҷикистон меноманд.

Ин кӯл як аср пеш дар натиҷаи заминҷунбӣ ба вуҷуд омад. Моҳи ноябр нашрияи бритониёии Daily Mail кӯлро бомбаи оҳиста амалкунанда номид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тибқи маълумоти СММ, ки бисёре аз коршиносон бо он розианд, сарбанди табиии он метавонад дар ҳар лаҳза канда шавад. Баландии мавҷ дар ин ҳолат ба 150 метр расида, сокинони 4 кишвар осеб мебинанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...