Маркази заминларза дар Тоҷикистон дар наздикии кӯли Сарез воқеъ будааст

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, имрӯз, 23 феврал дар қаламрави Тоҷикистон ду заминларза рух дод, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, заминҷунбиҳо соати 05:37 дақиқа ва соати 05:55 дақиқа  ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудаанд. “Маркази заминларза  400 километр […]

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, имрӯз, 23 феврал дар қаламрави Тоҷикистон ду заминларза рух дод, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, заминҷунбиҳо соати 05:37 дақиқа ва соати 05:55 дақиқа  ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудаанд.

“Маркази заминларза  400 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе,  65 километр шарқ аз ноҳияи Мурғоб  ва 30 км шимолтари “Кӯли- Сарез” воқеъ аст”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, қувваи заминларзаи аввал (соати 05:37) дар маркази он 6-7 балл буд ва қувваи заминларзаи дуюм (соати 05:55)  дар маркази он 5-6 бал, дар шаҳри Хоруғ 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

Зимнан зикр мегардад, ки заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надоштааст.

Қаблан субҳи имрӯз котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дода буд, ки қувваи заминларза дар маркази он 3-4 баллро аз рӯйи ҷадвали 12-балла ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ҳамонвақтаи Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, соати 5:37 дақиқаи субҳ дар Тоҷикистон заминларза бо қувваи 6,8 балл ба қайд гирифта шудааст.

Як қатор ВАО бо истинод ба маркази зилзилашиносии Чин иттилоъ доданд, ки қувваи заминларза дар Тоҷикистон ба  7,3 балл баробар буд.

Таконҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Чин ва Покистон дар масофаи то 600 километр аз маркази он эҳсос шудааст.

Пас аз заминларза якчанд таконҳои баъдии он (афтершок) ба амал омад.

Сарези хатарнок

Кӯли Сарезро, ки маркази заминларза дар наздикии он воқеъ буд, зеботарин ва хатарноктарин кӯли Тоҷикистон меноманд.

Ин кӯл як аср пеш дар натиҷаи заминҷунбӣ ба вуҷуд омад. Моҳи ноябр нашрияи бритониёии Daily Mail кӯлро бомбаи оҳиста амалкунанда номид.

Тибқи маълумоти СММ, ки бисёре аз коршиносон бо он розианд, сарбанди табиии он метавонад дар ҳар лаҳза канда шавад. Баландии мавҷ дар ин ҳолат ба 150 метр расида, сокинони 4 кишвар осеб мебинанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.