Оғози тафтишот дар Туркия нисбати 600 нафар пас аз заминларза

Пас аз заминларзаи мудҳиши аввали моҳи феврал дар Туркия, дар мавриди фурӯ рафтани бинову иншоот бар асари он, 182 нафар ба ҳабс гирифта шуда, зиёда аз 400 кас гумонбар дониста мешаванд, хабар медиҳад Азаттык. Бино ба иттилои "Ассошиэйтед Пресс", инҳо асосан паймонкорони сохтмони манзилҳо, моликон ё мудирони биноҳо мебошанд. Ба гуфтаи вазири адлия Бекир Боздаг, […]

Asia-Plus

Пас аз заминларзаи мудҳиши аввали моҳи феврал дар Туркия, дар мавриди фурӯ рафтани бинову иншоот бар асари он, 182 нафар ба ҳабс гирифта шуда, зиёда аз 400 кас гумонбар дониста мешаванд, хабар медиҳад Азаттык.

Бино ба иттилои "Ассошиэйтед Пресс", инҳо асосан паймонкорони сохтмони манзилҳо, моликон ё мудирони биноҳо мебошанд. Ба гуфтаи вазири адлия Бекир Боздаг, далелҳои дарёфтшуда дар ҷойҳои биноҳои фурӯрафта асос барои баргузории тафтишотанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бисёре аз бинову иншоотҳое, ки пас аз заминларза фурӯ рехтаанд, эҳтимолан бо истифода аз масолеҳи сохтмонии пастсифат ва ба меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯнабуда сохта шудаанд.

Мақомоти Туркия ҳамчунин дар мавриди ҳодисаҳои ғоратгарӣ низ тафтишот роҳандозӣ намуда, айни замон 200 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи 7,8 баллаи рӯзи 6 феврал беш аз 50 ҳазор нафар – дар Туркия 44 ҳазору 218 нафар ва дар Сурия – 5 ҳазору 914 нафар ҳалок шуданд.

Дар Туркия корҳои барқарорсозии хонаҳо оғоз шуд: бар асари заминларза зиёда аз 160 ҳазор бино тахриб шуд, ки дар он 520 ҳазор манзил вайрон шуд ё осеб дид.

Мақомоти кишвар изҳор доштанд, ки барои осебдидагон 313 ҳазор хаймаҳо гузошта шуда, боз таъмини онҳо бо 100 ҳазор контейнерҳои хонаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Туркия ба муҳлати 3 моҳ вазъияти фавқулода эълон шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.