Ғалабаи Нурулло Алиев бар Рафаэл Алвес дар мусобиқоти “UFC Vegas 70”

Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалин рақобати худро дар мусобиқоти “UFC Vegas 70” бо пирӯзӣ бар Рафаэл Алвеси бразилиягӣ анҷом дод. Мусобиқаи мазкур шаби 26-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор гардид. Рақиби Алиеви 22-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ дар UFC (Ultimate Fighting Championship) рақобати чаҳоруми худро доир кард. Ӯ […]

admin

Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалин рақобати худро дар мусобиқоти “UFC Vegas 70” бо пирӯзӣ бар Рафаэл Алвеси бразилиягӣ анҷом дод.

Мусобиқаи мазкур шаби 26-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор гардид.

Рақиби Алиеви 22-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ дар UFC (Ultimate Fighting Championship) рақобати чаҳоруми худро доир кард. Ӯ дар як набард пирӯз шуда, дар сетоаш мағлуб гаштааст. Дар маҷмӯъ, Алвес дар MMA 20 ғалаба ва 12 бохт дорад.

Рақобат пурра зери назорати Нурулло Алиев ҷараён гирифт. Ҳарчанд дар раунди аввал Алвес ба довар шикоят кард, ки Алиев ангушташро газидааст, аммо Нурулло новобаста ба кам кардани як имтиёз, дилпурона мубориза бурд.

Нурулло Алиев ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ пурқувват буду ҳам аз ҷиҳати маҳорат. Ҳамин тавр, муҳориба бо бартарии Нурулло ҷараён гирифт ва дар ниҳоят ӯ бо тасмими доварон ғалаба кард (29-27, 29-27, 28-28).

Ёдовар мешавем, Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.

Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи 9 қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст.

Нурулло Алиев устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.