КМВА бори нахуст ба дарёфти Ҷоми ФФТ ноил гардид

Дастаи футболи КМВА (ЦСКА)-и пойтахт зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бори нахуст дар таърихи фаъолияти худ ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ноил гардид. Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, бозии финалӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардида, КМВА бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Гуфта мешавад, ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 – дастаи КМВА […]

Asia-Plus

Дастаи футболи КМВА (ЦСКА)-и пойтахт зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бори нахуст дар таърихи фаъолияти худ ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ноил гардид.

Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, бозии финалӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардида, КМВА бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Гуфта мешавад, ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 – дастаи КМВА ҳамзамон бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ба барандаи медали нуқра «Регар-ТадАЗ» 30 ҳазор сомонӣ ва ба барандаи медалҳои биринҷӣ «Равшан»-и Кӯлоб 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Зикр мегардад, ки Хуршед-Тимур Ҷӯраев, нимҳимоятгари КМВА беҳтарин бозигари финали Ҷоми Федератсия-2023 дониста шуд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм тими “Равшан”-и Кӯлоб дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5:4 (вақти асосӣ – 0:0) бар дастаи “Панҷшер” дастболо шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.