Фавти се нафар бар асари тармафуроӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар пайи фуромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд се нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад бахши IRS дар саҳифаи худ дар Фейсбук. Дар гузориш омадааст, ки шоми шанбе, 25-уми феврал, дар километри 157-уми ин шоҳроҳ, дар ағбаи Шаҳристон мошини мусофирбари тамғаи “Мусо” зери тарма мондааст. “Дар натиҷа се нафар ба ҳалокат расида, як мусофир дар бемористони […]

Asia-Plus

Дар пайи фуромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд се нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад бахши IRS дар саҳифаи худ дар Фейсбук.

Дар гузориш омадааст, ки шоми шанбе, 25-уми феврал, дар километри 157-уми ин шоҳроҳ, дар ағбаи Шаҳристон мошини мусофирбари тамғаи “Мусо” зери тарма мондааст.

“Дар натиҷа се нафар ба ҳалокат расида, як мусофир дар бемористони ноҳияи Шаҳристон бистарӣ шудааст”, — зикр мекунад IRS.

Гуфта мешавад, кормандони филиали ширкати IRS, ки масъули нигаҳдории роҳи Душанбе-Хуҷанд мебошад, дар якҷоягӣ бо мутахассисони КҲФ “ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, барои наҷоти шахсони зикршуда тамоми кӯшишро ба харҷ додаанд”.

Тафсилоти бештар ва ному насаби қурбониён низ гуфта нашудааст.

Таъкид мегардад, ки ҳоло роҳ тоза карда шуда, барои ҳаракати иҷоза дода шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки тайи як моҳи ахир дар Тоҷикистон бар асари фуромадани тарма беш аз 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Аксари онҳо сокинони шаҳри Хоруғ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.