Худкушии 38 ноболиғ дар вилояти Суғд

Соли 2022 дар вилояти Суғд 38 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ноболиғон сабт гардидааст. Дар ин хусус Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ӯ гуфт, дар маҷмуъ соли 2022 дар ҳудуди вилоят 202 ҳодисаи худкушӣ  ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 38 адади он ба  ноболиғон  марбут аст. Аз […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Соли 2022 дар вилояти Суғд 38 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ноболиғон сабт гардидааст. Дар ин хусус Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, дар маҷмуъ соли 2022 дар ҳудуди вилоят 202 ҳодисаи худкушӣ  ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 38 адади он ба  ноболиғон  марбут аст. Аз ин шумора, 167 адад худкушӣ ва 35 адади онро  сӯиқасд ба худкушӣ  ташкил медиҳад.

“Дар робита ба ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он соли гузашта 20 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, пас аз тафтишот барои моҳиятан баррасӣ гаштан ба судҳои дахлдор ирсол гардид”, – гуфт Фурқат Хоҷазода.

Бино ба иттилои ӯ, омори худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар ҳудуди вилоят нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст, аммо дақиқ нагуфт, ки таносуби коҳиш чӣ миқдор аст.

Дар умум, соли гузашта аз тарафи 169 нафар ноболиғон дар вилояти Суғд 195 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин назар ба соли гузашта, 1 адад  кам аст.  Аз ин шумора, 109 нафар хонандаи мактаб ва  47 нафари дигар бекор буда, таҳсил намекунанд.

Ҷиноятҳое, ки ноболиғон бештар содир кардаанд:

  • дуздӣ 117 адад;
  • авбошӣ 25 адад;
  • расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 16 адад;
  • ҷиноятҳои дигар 37.

Аз маҷмӯи ҷиноятҳои содиркардаи ноболиғон 120 ҳолат дар танҳоӣ ва 24 ҳолат гурӯҳӣ содир гаштааст.

Ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон бештар дар шаҳру ноҳияҳои зерин содир гардидааст:

  • шаҳри Гулистон – 8 адад;
  • шаҳри Бӯстон – 5 адад;
  • ноҳияи Ҷаббор Расулов – 5 адад;
  • ноҳияи Спитамен – 4 адад;
  • ноҳияи Шаҳристон – 4 адад;
  • ноҳияи Мастчоҳ – 3 адад;
  • ноҳияи Деваштич – 3 адад;
  • шаҳри Истиқлол – 3 адад.

Дар маҷмӯъ, соли 2022 дар вилояти Суғд 6165 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 463 ҷиноят кам мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.