Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон сафар мекунад

Михаил Мишустин, сарвазири Русия, рӯзҳои 2-3-юми март бо як сафари корӣ озими Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, дар назар аст, ки рӯзи 2-юми март Михаил Мишустин дар 9-умин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Русия ширкат кунад. “Дар ҷараёни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди байниҳукуматӣ дар […]

Asia-Plus

Михаил Мишустин, сарвазири Русия, рӯзҳои 2-3-юми март бо як сафари корӣ озими Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар назар аст, ки рӯзи 2-юми март Михаил Мишустин дар 9-умин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Русия ширкат кунад.

“Дар ҷараёни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди байниҳукуматӣ дар назар аст”, – таъкид мекунад хабаргузорӣ.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки мусоҳибон вазъ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Русия дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карда, ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи омори расмӣ, соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 26,4 млн доллар сармогузорӣ кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.