Соли гузашта ба оилаҳои камбизоат зиёда аз 116 млн сомонӣ кумак расонида шуд

Дар соли 2022 ба оилаҳои камбизоати кишвар 116,1 млн сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст,  ки ин  нисбат ба соли 2021-ум 11 млн сомонӣ зиёд мсебошад. Дар ин бора Соима Муҳаббатова, як масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар маҳфили "Тавозун", ки ТҶ “Хома” баргузор кард, хабар дод. Ба гуфтаи Соима Муҳаббатова, кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат сол […]

Дар соли 2022 ба оилаҳои камбизоати кишвар 116,1 млн сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст,  ки ин  нисбат ба соли 2021-ум 11 млн сомонӣ зиёд мсебошад. Дар ин бора Соима Муҳаббатова, як масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар маҳфили "Тавозун", ки ТҶ “Хома” баргузор кард, хабар дод.

Ба гуфтаи Соима Муҳаббатова, кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат сол ба сол афзоиш меёбад.

"Дар давоми соли 2023-ум 154,2 млн сомонӣ кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудааст", – гуфт Муҳаббатова.

Ба таъкиди номбурда, дар соли 2024-ум 279,8 млн ва дар соли 2025-ум 291,9 млн сомонӣ ба оилаҳои камбизоат кӯмакпулӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ин масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гуфт, ин кумакҳо барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки айни замон дар кишвар беш аз 220 ҳазор оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, давоми панҷ соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 25,5 ба 22,5 дарсад поин омадааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.