Дар СААД коҳиши шиддати вазъро дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карданд

Иштирокчиёни нишасти роҳбаронии воҳидҳои ҳамкориҳои байналмилалии низомии Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД, ки дар Минск баргузор шуд, барои рафъи ташаннуҷ дар қитъаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳодҳо таҳия карданд. Тавре ки РИА Новости менависад, дар ин бора сардори департаменти ҳамкориҳои байнулмилалии низомии кишварҳои узви СААД – ёвари вазири мудофиаи Беларус Валерий Ревенко хабар додааст. “Дар машварат вазъи […]

Asia-Plus

Иштирокчиёни нишасти роҳбаронии воҳидҳои ҳамкориҳои байналмилалии низомии Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД, ки дар Минск баргузор шуд, барои рафъи ташаннуҷ дар қитъаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳодҳо таҳия карданд. Тавре ки РИА Новости менависад, дар ин бора сардори департаменти ҳамкориҳои байнулмилалии низомии кишварҳои узви СААД – ёвари вазири мудофиаи Беларус Валерий Ревенко хабар додааст.

“Дар машварат вазъи низомиву ҳарбӣ дар минтақаи зери масъулияти созмон баррасӣ шуда, чорабиниҳои ҳамкориҳои байнулмилалии низомӣ дар доираи раёсати Беларус муайян карда шуданд”, – иброз доштааст вай.

Ба гуфтаи Ревенко, дар доираи ин чорабиниҳо “барои роҳбарони вазоратҳои мудофиа ҷиҳати рафъи шиддати вазъият дар қитъаҳои сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон” пешниҳодҳо таҳия гардиданд.

Аз ҷузъиёти чорабиниҳо хабар дода нашуда, танҳо зикр мешавад, ки аз натиҷаҳои машварат ба сифати асос барои амалисозии минбаъдаи қарорҳои мақомоти оинномавии Созмон истифода хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар машварат доир ба самтҳои асосии фаъолияти СААД оид ба ҳалли вазъҳои буҳронӣ ва роҳ надодан ба минбаъд шиддатёбии вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмон, баланд бардоштани омодагии воҳидҳои низомӣ ва таҳкими ҳамкории ҳарбӣ ва техникӣ изҳори назар шудааст.

Вазири мудофиаи Беларус Виктор Хренин зимни суханронӣ дар машварат зикр кард, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД рӯзи 25 май дар Минск ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябри соли 2022 вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғзистон бори дигар шиддат гирифт: ҷонибҳо ҳамдигарро ба ташаннуҷи вазъ айбдор намуда, дар бораи мавриди тирпаронӣ қарор гирифтани деҳаои наздимарзӣ хабар доданд.

Аз 14 то 16 сентябр маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки вилоятҳо Ботканд ва Оши Қирғизистон мавриди оташ қарор гирифтанд.

Бар асари ин даргириҳо аз ҳар ду тараф зиёда аз 100 нафар куштаву даҳҳо нафар захмӣ гардида, манзил ва иншооти иҷтимоии сершумор дар қаламрави наздисарҳадӣ тахриб шуданд.

Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил дода, расмиёти таъйин ва аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то ҳол анҷом наёфтаанд. Аз 970 километр то имрӯз 460 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бинобар ин, дар қитъаҳои ҷудогонаи марз муноқишаҳо ба амал омада, ба хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ боис мегарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.