Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия марзи 53 ҳазор нафарро убур кард

Date:

Юнус Сезер, раиси Оҷонси мубориза бо офатҳои табиӣ (AFAD)-и Туркия гуфт, теъдоди қурбониёни заминларза дар ҷанубу шарқи кишвар ба 47 975 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории Anadolu.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни кушташудагон ҳудуди 6 ҳазору 278 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аксаран шаҳрвандони Сурия будаанд.

Теъдоди захмиён аз 115 хазор нафар гузашт.

“Дар минтақа зилзилаҳои такрорӣ то ҳол идома доранд. Аз ин рӯ, мо гурӯҳҳои наҷотро дар ҳолати омодабош нигоҳ медорем. Тақрибан 300 наҷотдиҳандаи дигар аз кишварҳои хориҷӣ низ дар он ҷо қарор доранд”, – гуфтааст Юнус Сезер.

Ба таъкиди ӯ 74 ҳавопаймо ва 99 чархбол ба минтақаи заминларза кӯмакҳои башардӯстона ва хаймаҳо интиқол медиҳанд.

“Ба ҳамаи маҳалҳо бо роҳи хушкӣ ва ҳавоӣ расонидани озуқаворӣ давом дорад. Дар вилоят 12 хазору 140 техникаи бинокорию махсус фаъолона кор мекунанд. Теъдоди онҳое, ки дар хаймаҳо, шаҳрчаҳои контейнерӣ ва истироҳатгоҳҳо ҷойгир шудаанд, қариб ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар мерасад. Дар вилоят 17 ҳазору 787 контейнер гузошта шудааст”, – Юнус Сезер.

Раиси AFAD гуфта, ки 935 722 нафар аз минтақаи офат таҳвил дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои France24, теъдоди умумии кушташудагон дар Сурия ба 5 ҳазору 914 нафар расидааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 6-уми феврал дар ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 дараҷаӣ ва баъд аз он, як заминларзаи дигар ба шиддати 7,6 дараҷа рух дод. Заминларза ба Сурия низ таъсир расонд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...