Қирғизистон оғози моҳи Рамазонро мушаххас кард. Дар Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои уламоро интизоранд

Date:

Соли ҷорӣ моҳи Рамазон дар Қирғизистон 23 март фаро мерасад. Дар ин бора хабаргузории “Kabar бо истинод ба Раёсати маънавии мусалмонони Қирғизистон хабар медиҳад.

Дар ин ниҳод гуфтанд, эҳтимоли таъхири якрӯза мавҷуд аст.

Бояд гуфт, Қирғизистон аввалин давлат дар Осиёи Марказӣ аст, ки санаи фарорасии моҳи Рамазонро эълон кард. Дар кишварҳои дигари минтақа ҳоло дақиқ накардаанд, ки моҳи Рамазон кай фаро мерасад.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳоло мушаххас нашудааст, ки оғози моҳи Рамазон кай аст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки “санаи дақиқи фарорасии моҳи Рамазонро ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар муайян мекунад”.

Моҳи Рамазон бо рӯзагирӣ фаро мерасад ва маъмулан 30 ё 29 рӯз давом мекунад. Мусалмонон дар ин моҳ аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хурдану ошомидан худдорӣ меварзанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...