Тақдими 26 автобус ба Бадахшон

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар арафаи ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 26 автобуси мусофирбари замонавӣ тақдим намуд. Дар ин бора  Ғолиб Ниятбеков, сардори шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи   ҳукумати ВМКБ дар саҳифаи фейсбукиаш иттилоъ додааст.

Ба иттилои номбурда, инчунин ду мошини ёрии таъҷилӣ низ ба вилоят тақдим гардид, ки алакай ба шаҳри Хоруғ расиданд.

Бояд зикр намуд, ки аз автобусҳои тақдимнамуда 5 адад барои шаҳри Хоруғ ва 3 – тоӣ барои ноҳияҳои вилоят дода шуданд.

Тақдими мошинҳо дар ҳолест, ки чанде пештар, баъди чандин солҳо ба ВМКБ парвози нахустини ҳавопаймо ба маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ низ сурат гирифт. Ҳавопаймои L410NG рӯзи 28-уми феврал парвози санҷишӣ анҷом дод.

Аз ҳукумати ВМКБ ба “Азия-Плюс” иттилоъ додан, ки то охири моҳи март ҳавопаймои мазкур парвозҳои санҷишӣ анҷом медиҳад ва аз моҳи апрел парвозҳои мунтазам ба роҳ монда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...