Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки лоиҳаи протоколро дар бораи ба ихтиёри ҷумҳурӣ додани амволи ғайриманқули аз воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи низомии Русия боқимонда маъқул шуморанд.
Ин санад дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуда, онро ҳукумат аз 1 июни ҳамин сол қабул кардааст.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон уҳдадор мешавад, ки ин протоколро аз номи ҳукумат имзо кунад.
Ба Вазорати хориҷии ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки рӯз ва ҷойи имзои протоколи мазкурро мувофиқа созад.
Барои интиқол ва қабули амволи ғайриманқул ҷонибҳо комиссияи муштарак таъсис медиҳанд.
Дар маҷмӯъ ҳукумати Тоҷикистон 103 бинову иншооти воқеъ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминободро ба ихтиёри худ мегирад.
Майдони умумии ин бинову иншоот дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ҳудуди 40 метри мураббаъ ва майдони умумии шаҳраки ҳарбӣ ва машқгоҳ дар ноҳияи Муъминобод – 650 километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки Русия ҳанӯз соли 2016 полки 149-уми сайёри тирандози пойгоҳи низомии 201-умро аз Хатлон бароварда, онро ба Душанбе ва машқгоҳи Лоҳур дар ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонид.
Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин ҷузъу томи Неруҳои ҳарбии ҳавоии Русия дар берун аз ҳудуди ин кишвар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.