Баррасии имкони сохтмони корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия оид ба истеҳсоли маводи сӯзишворӣ

Дар Палатаи савдо ва саноати Липетск рӯзи 13 март гуфтушуниди ҳайатҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва ширкати “Форсаж”-и Русия оид ба сохтмони корхонаи муштарак (КМ)-и истеҳсоли маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд баргузор шуд, хабар медиҳад Иттифоқи "Липецкая ТПП". Қаблан рӯзҳои 2-4 март ҳайати соҳибкорони вилояти Липетск бо сафари корӣ аз Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Дар Палатаи савдо ва саноати Липетск рӯзи 13 март гуфтушуниди ҳайатҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва ширкати “Форсаж”-и Русия оид ба сохтмони корхонаи муштарак (КМ)-и истеҳсоли маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд баргузор шуд, хабар медиҳад Иттифоқи "Липецкая ТПП".

Қаблан рӯзҳои 2-4 март ҳайати соҳибкорони вилояти Липетск бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид намуд. Дар ҷараёни сафар намояндагони ширкатҳои вилоят бо фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Суғд”, муҳити сармоягузорӣ, имтиёзот аз пардохти андоз, иншооти зерсохтор, самтҳои афзалиятноки фаъолият ва молҳои истеҳсолмешуда дар онҳо шинос шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтушунид ҳайати Тоҷикистон ба роҳандозии истеҳсоли муштараки маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Сипас намояндагони минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо мақсади шиносоии бевосита бо имконоти корхонаи ҶДММ “Форсаж” ва таҷҳизоти истеҳсолии он ба вилояти Липетск сафар карданд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҳамчунин масоили роҳандозии истеҳсолоти муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, Маркази дастгирии содирот аз ҷониби худ ширкати “Форсаж”-ро дар масоили логистика ва расмиёти гумрук роҳнамоӣ мекунад.

“Хурсандем, ки сафари мо ба Тоҷикистон натиҷаҳои хуб меорад. Ширкатҳои “Форсаж ва “Прицепцентр” аллакай оид ба истеҳсолоти муштарак шарикони худро ёфта, корҳо дар марҳилаи таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳа қарор доранд.

Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон ба корхонаҳои Липетск имкон медиҳад, ки иқдомҳои сармоягузории худро дар Тоҷикистон амалӣ кунанд”, – зикр кардааст президенти Палатаи савдо ва саноати Липетск Анатолий Голтсов.

Қобили зикр аст, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 дар майдони 320 гектар таъсис дода шуда, дар он 29 субъект ба қайд гирифта шудааст. Айни замон 13 субъект ба истеҳсоли молу маҳсулоти таъиноти маишӣ ва саноатӣ машғуланд.

Ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон тибқи барномаи махсуси пардохти андоз кор мекунанд. Аз 10 андози дар Кодекси андози ҷумҳурӣ пешбинишуда субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо дутоаш – 25% андози иҷтимоӣ (аз Фонди пардохти меҳнат)-ро пардохт намуда, аз 8 то 13% андоз аз даромад аз маоши корманд ситонида мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.