Толибон сарпарасти консулгарии Афғонистон дар Дубайро таъин карданд

Date:

Сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон эълон кард, ки Абдурраҳмон Фидо ба ҷойи Масъуд Азизӣ, ба унвони сарпарасти консулгарии Афғонистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин шудааст.

Ин вазорат рӯзи гузашта дар мактубе гуфт, 11-уми март ваколати Масъуд Азизӣ ба поён расид ва Абдурраҳмон Фидо ҷойи ӯро гирифт, хабар медиҳад хабаргузории aamajmews.

Пеш аз ин, Эрон, Туркия, Чин ва Русия намояндаҳои Толибонро* ба унвони дипломат ва сарпарасти намояндагиҳои сиёсӣ ва консулии Афғонистон пазируфта буданд.

Дар сурати таъйиди мувофиқати Толибон бо сарпарасти дипломати ин гурӯҳ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ ба ҷамъи чанд кишвари дигари минтақа мепайвандад, ки бидуни ба расмият шинохтани Толибон, намояндагиҳои сиёсӣ ва консулии Афғонистонро ба намояндагони ин гурӯҳ месупорад.

Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон бо иҷро накардани пешартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби ягон давлат то ба имрӯз ба расмият шинохта нашудааст. Баръакс, ҳамвора мавриди интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳон қарор мегирад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...