КҲФ аз эҳтимоли селфароӣ ва болоравии сатҳи оби дарёҳо огоҳ мекунад

Date:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик ҳодисаҳои селфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо аз эҳтимол дур нест.

Бино ба маълумоти Кумита, бо сабаби боло рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 19-20 март бар асари боронҳо эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

“Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гулу дигар рустаниҳои дорувор нараванд”, – дархост мешавад аз шаҳрвандон.

Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз вуруди сел ба хонаҳову ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт, саривақт ҷӯйборҳо ва селроҳаҳо аз ҳар гуна хасу хошок, сангу рег тоза шаванд, то об бе монеъа ба маҷрои худ равон шавад.

“Бори дигар хоҳиш мешавад аҳолӣ дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намоянд ва агар зарурати сафар пеш омад, пас хеле эҳтиёткору ҷиддӣ бошанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ёдрас мешавад, ки дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11 муроҷиат намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...