Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

Субҳи имрӯз, 18-уми март, соати 05:01 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави  Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе воқеъ буд. Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл, дар […]

Субҳи имрӯз, 18-уми март, соати 05:01 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави  Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе воқеъ буд.

Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст.

Дар бораи харобиҳо ва талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад.

Пеш аз ин субҳи рӯзи 9 март дар қаламрави кишвар заминларза рух дода буд. Он замон қувваи заминларза дар марказаш  4,5 балл ва дар ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил дода буд.

Ёдрас мекунем, ки тайи ҳафтаҳои ахир дар Тоҷикистон даҳҳо заминларзаҳои қувваашон начандон зиёд ба амал омаданд. Заминларзаи нисбатан қуввааш зиёдтар субҳи рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.

Дар пайи заминларзаи шадид дар Туркияву Сурия, ки садҳо бино фурӯ рехтаву даҳҳо ҳазор нафар қурбон шуданд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тобоварии биноҳои навсохти Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро ба заминларза санҷад.

Айни замон санҷишҳо ҷараён дошта, дар ин маводи мо огаҳӣ меёбед, ки шаҳри Душанбе ба чӣ қадар қувваи заминларза тобовар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.