Сабти боз як заминларзаи дигар дар Тоҷикистон

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, соати 13:01 дақиқаи имрӯз, 23 феврал дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи дигар ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар 380 километрии ҷанбу ғарби Душанбе, 86 километрии ғарби ноҳияи Мурғоб ва 45 километрии шарқи кӯли Сарез воқеъ будааст. “Қувваи заминларза […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, соати 13:01 дақиқаи имрӯз, 23 феврал дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи дигар ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза дар 380 километрии ҷанбу ғарби Душанбе, 86 километрии ғарби ноҳияи Мурғоб ва 45 километрии шарқи кӯли Сарез воқеъ будааст.

“Қувваи заминларза дар маркази он 5 балл ва дар шаҳри Хоруғ – 4 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз соати 05:37 дақиқа ва соати 05:55 дақиқа  ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминҷунбиҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Обуҳавошиносон мегӯянд, маркази заминларза  400 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе,  65 километр шарқ аз ноҳияи Мурғоб  ва 30 км шимолтари кӯли Сарез қарор дошт. Қувваи заминларзаи соати 5:37 дар марказаш 6-7 балл ва соати 5:55 – 5-6 баллро ташкил дод.

Дар шаҳри Хоруғ заминларзаи 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балл эҳсос шуданд.

Тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, қувваи заминларзаи субҳ рухдода ба 6,8 балл баробар буд.

Таконҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Чин ва Покистон дар масофаи то 600 километр аз маркази он эҳсос шудааст. Пас аз заминларза якчанд таконҳои баъдии он (афтершок) ба амал омад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.