КҲФ аз эҳтимоли селфароӣ ва болоравии сатҳи оби дарёҳо огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик ҳодисаҳои селфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо аз эҳтимол дур нест. Бино ба маълумоти Кумита, бо сабаби боло рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик ҳодисаҳои селфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо аз эҳтимол дур нест.

Бино ба маълумоти Кумита, бо сабаби боло рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 19-20 март бар асари боронҳо эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

“Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гулу дигар рустаниҳои дорувор нараванд”, – дархост мешавад аз шаҳрвандон.

Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз вуруди сел ба хонаҳову ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт, саривақт ҷӯйборҳо ва селроҳаҳо аз ҳар гуна хасу хошок, сангу рег тоза шаванд, то об бе монеъа ба маҷрои худ равон шавад.

“Бори дигар хоҳиш мешавад аҳолӣ дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намоянд ва агар зарурати сафар пеш омад, пас хеле эҳтиёткору ҷиддӣ бошанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ёдрас мешавад, ки дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11 муроҷиат намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.