Мусодираи зиёда аз 100 кило героин аз тоҷикистонии дар Алмато боздоштшуда

Date:

Дар натиҷаи амалиёти муштараки хадамоти махсуси Қирғизистон ва Қазоқистон шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон К.О.К. боздошт шуда, ВКД Қирғизистон ӯро ба ташкили яке аз шабакаҳои бузурги интиқоли маводи мухаддир гумонбар медонад.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванд дар қаламрави шаҳри Алмато боздошт шуда, аз ӯ зиёда аз 100 кило маводи нашъаовари героин мусодира шудааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Қирғизистон, шаҳрванди Тоҷикистон “дар ҷараёни амалиёти тӯлонии бисёрмарҳила  ва амалҳои ҳамоҳангшудаи кормандони фаврии Хадамоти махсуси Қирғизистон ва Қазоқистон” боздошт шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



“Барои безарар гардонидани фаъолияти синдикат (гурӯҳ)-и байнулмилалии маводи мухаддир, ки ба интиқол ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон тавассути Қирғизистон машғул буданд, амалиёти махсуси байналмилалӣ гузаронида шуд”, – зикр мегардад дар маълумот.

Гуфта мешавад, барои муайян кардани иштирокчиёни дигари эҳтимолии гурӯҳи мазкур минбаъд боз чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ мешаванд.

"Арзиши тахминии маводи мухаддири мусодирашуда дар бозори сиёҳ 1 млн 190 ҳазор долларро ташкил медиҳад", – илова мешавад дар хабар.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...