Мусодираи зиёда аз 100 кило героин аз тоҷикистонии дар Алмато боздоштшуда

Дар натиҷаи амалиёти муштараки хадамоти махсуси Қирғизистон ва Қазоқистон шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон К.О.К. боздошт шуда, ВКД Қирғизистон ӯро ба ташкили яке аз шабакаҳои бузурги интиқоли маводи мухаддир гумонбар медонад. Гуфта мешавад, ин шаҳрванд дар қаламрави шаҳри Алмато боздошт шуда, аз ӯ зиёда аз 100 кило маводи нашъаовари героин мусодира шудааст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи амалиёти муштараки хадамоти махсуси Қирғизистон ва Қазоқистон шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон К.О.К. боздошт шуда, ВКД Қирғизистон ӯро ба ташкили яке аз шабакаҳои бузурги интиқоли маводи мухаддир гумонбар медонад.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванд дар қаламрави шаҳри Алмато боздошт шуда, аз ӯ зиёда аз 100 кило маводи нашъаовари героин мусодира шудааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Қирғизистон, шаҳрванди Тоҷикистон “дар ҷараёни амалиёти тӯлонии бисёрмарҳила  ва амалҳои ҳамоҳангшудаи кормандони фаврии Хадамоти махсуси Қирғизистон ва Қазоқистон” боздошт шудааст.

“Барои безарар гардонидани фаъолияти синдикат (гурӯҳ)-и байнулмилалии маводи мухаддир, ки ба интиқол ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон тавассути Қирғизистон машғул буданд, амалиёти махсуси байналмилалӣ гузаронида шуд”, – зикр мегардад дар маълумот.

Гуфта мешавад, барои муайян кардани иштирокчиёни дигари эҳтимолии гурӯҳи мазкур минбаъд боз чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ мешаванд.

"Арзиши тахминии маводи мухаддири мусодирашуда дар бозори сиёҳ 1 млн 190 ҳазор долларро ташкил медиҳад", – илова мешавад дар хабар.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.