Барои бунёди неругоҳҳои хурд бо “энергияи сабз” дар Тоҷикистон 150 млн доллар равона мегардад

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар панҷ соли оянда иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишварро аз ҳисоби истифодаи манбаъҳои энергия аз сарчашмаҳои барқароршавандаи он (об, офтоб ва шамол) ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳад. Дар Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2017, ки 1 марти соли равон бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст, дар ин бора сухан […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар панҷ соли оянда иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишварро аз ҳисоби истифодаи манбаъҳои энергия аз сарчашмаҳои барқароршавандаи он (об, офтоб ва шамол) ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳад.

Дар Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2017, ки 1 марти соли равон бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст, дар ин бора сухан меравад.

Дар Барнома гуфта мешавад, айни замон аз ҷониби мутахассисон захираҳо ва имконоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия арзёбӣ мешавад.

“Тибқи арзёбии пешакӣ, захираҳои энергетикии манбаъҳои мазкур (бе назардошти неругоҳҳои бузурги барқи обӣ) зиёда аз 35 754,55 МВт-ро ташкил медиҳанд”, – таъкид мешавад дар он.

Аз ҷумла, иқтидори дарёҳои хурд барои сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ 32,5 ҳазор МВт бо имкони истеҳсоли зиёда аз 100 млрд кВт-соат дар як сол арзёбӣ мешавад.

Муаллифони Барнома истифодаи энергияи офтобро, ки давомнокии нурафкании он дар кишвар аз 250 то 330 рӯзро ташкил медиҳад, муҳим медонанд.

Иқтидори энергияи шамол (бодӣ) барои сохтмони неругоҳҳои барқӣ 1,9 ҳазор МВт ва иқтидори энергияи биомасса – 807 МВт арзёбӣ мешавад.

Маблағи зарурӣ барои амалисозии Барнома ҳудуди 1,6 млрд сомонӣ (наздики 150 млн доллар), ки ҳиссаи маблағҳои буҷетӣ дар он 3,6 млн сомониро ташкил медиҳад, муайян шудааст. Ҷалби маблағи боқимонда аз шарикон оид ба рушд пешбинӣ шудааст.

Муаллифони Барнома зикр мекунанд, ки барои ҳалли мушкилоти бахши электроэнергетика ва беҳбуди вазъи таъминот бо барқ дар дохили кишвар ва минтақаҳо 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 млрд сомонӣ амалӣ шудааст.

Боз 17 чунин лоиҳаҳо ба маблағи 16,4 млрд сомонӣ дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор дароварда шудааст.

Кишвари аз ҳама бештар дорои “энергияи сабз”

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млр киловатт-соат неруи барқро дар як сол ташкил дода, айни замон танҳо ҳамагӣ 5%-и он истифода мешавад.

Аз рӯи ин нишондиҳанда ҷумҳурӣ пас аз Чин, Русия, ИМА, Барзилия, Ҷумҳурии Заир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷаҳон зинаи 8-ум ва дар Осиёи Марказӣ – мақоми 1-умро ишғол мекунад.

Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама камтар ҳиссаи барқи истеҳсолшуда дар марказҳои барқу гармидиҳиро дорад, ки ба 6,9% аз ҳаҷми умумии истеҳсол (21,4 млрд кВт/соат) баробар аст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори кишвар, соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 21,4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудаааст.

Аз ҳаҷми умумӣ ҳудуди 93,1%-и барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ, 6,9% – дар неругоҳ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ва 0,001% (300 кВт/соат) – дар неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол шудааст.

Барои муқоиса:

– дар Қазоқистон – 112,8 млрд кВт/соат (94,5% дар неругоҳ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ) истеҳсол шудааст);

– дар Ӯзбекистон – 73,4 млрд кВт/соат (зиёда аз 80% – дар неругоҳ ва МБГ);

– дар Туркманистон – 24,7 млрд кВт/соат (қариб 100% – дар неругоҳ ва МБГ);

– дар Қирғизистон –  12,8 млрд кВт/соат (ҳудуди 15% – дар неругоҳ ва МБГ).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.