Шаш куштаву даҳҳо захмӣ. Таркиш дар назди ВКХ-и Афғонистон

Дирӯз, 27-уми март, тақрибан соат 1:00 дар наздикии бинои Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон таркиш рух дод, ки чандин куштаву захмӣ ба ҷой гузошт. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд. Холид Задрон, сухангӯи раёсати амнияи Толибон* дар Кобул кушта шудани 6 ғайринизомиро тайид карда, гуфтааст, ки дар ҳамлаи интиҳорӣ ҳамчунин чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дирӯз, 27-уми март, тақрибан соат 1:00 дар наздикии бинои Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон таркиш рух дод, ки чандин куштаву захмӣ ба ҷой гузошт.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Холид Задрон, сухангӯи раёсати амнияи Толибон* дар Кобул кушта шудани 6 ғайринизомиро тайид карда, гуфтааст, ки дар ҳамлаи интиҳорӣ ҳамчунин чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ӯ дар Твиттери худ навиштааст, ки интиҳоркунанда як нуқтаи бозрасии ҷангҷуёни ин гурӯҳро дар чаҳорроҳи Маликасғар, аз бахшҳои марбут ба ҳавзаи дувуми амниятии шаҳри Кобул, ҳадаф қарор дод.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои хабарии Афғонистон менависанд, ки аз маҳалли таркиш дар наздикии Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон 2 ҷасад ва 12 захмӣ, аз ҷумла як кӯдак ба шифохона интиқол дода шудаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса таркиш замоне рух додааст, ки кормандони вазоратҳои умури хориҷа ва иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар ҳоли берун шудан аз бинои ин ду вазорат будаанд.

Чанде пеш низ дар ҳамлаи интиҳории шохаи Хуросони ДОИШ дар роҳи вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар шаҳри Кобул даҳҳо тан кушта ва захмӣ шуданд.

Баъзе аз пойгоҳҳои хабарии наздик ба гурӯҳи ДОИШ эълом карда, ки ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар шаҳри Кобул аз сӯи ин гурӯҳ анҷом шудааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио