“Салимбойбача” ба ҷоизаи Нобел соҳиб шуд

Мансабдори соҳаи варзиши Ӯзбекистон ва шахси хайрхоҳ (метсенат) Салим Абдувалиев, ки миёни мардум ҳамчун “Салимбойбача” маъруф аст, ба Ҷоизаи Людвиг Нобели Русия соҳиб шуд. Маросими тақдими ҷоиза дар Санкт-Петербург баргузор шуд. Дар бораи бо ҷоизаи Людвиг Нобел қадрдонӣ шудани Салим Абдувалиев Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон хабар дод. Салим Абдувалиев муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, […]

Asia-Plus

Мансабдори соҳаи варзиши Ӯзбекистон ва шахси хайрхоҳ (метсенат) Салим Абдувалиев, ки миёни мардум ҳамчун “Салимбойбача” маъруф аст, ба Ҷоизаи Людвиг Нобели Русия соҳиб шуд.

Маросими тақдими ҷоиза дар Санкт-Петербург баргузор шуд. Дар бораи бо ҷоизаи Людвиг Нобел қадрдонӣ шудани Салим Абдувалиев Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон хабар дод.

Салим Абдувалиев муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, роҳбари Ассотсиатсияи куштӣ (гӯштин)-и ин кишвар мебошад.

Ҷоизаи Людвиг Нобел мукофоти ҳамасолаест, ки ба шахсиятҳои барҷастаи замони мо барои дастовардҳои барҷастаи касбӣ ва хидматҳои арзанда барои инсоният тақдим мешавад. Людвиг Нобел (1831-1888) – муҳандиси шведӣ ва рус, ихтироъкор, соҳибкор ва шахси хайрхоҳ, бародари калонӣ ва шарики тиҷоратии асосгузори маъруфи Ҷоизаи Нобел Алфред Нобел аст.

Салим Абдувалиев аввалин намояндаи Ӯзбекистон шуд, ки ба ҷоизаи Людвиг Нобел соҳиб шуд. Дар бораи барои кадом хидматҳо соҳиби ҷоиза шуданаш хабар дода нашудааст.

"Аз ширкат дар ин маросим хеле хурсанд ва дар ҳаяҷонам. Ин ҷоиза на танҳо аз они ман, балки тамоми мардуми Ӯзбекистон аст", – зикр кардааст Абдувалиев дар суханронии сипосгузориаш.

Президенти Бунёди аксҳои таърихӣ Валентин Элбек, сафири иродаи неки СММ, варзишгари маъруф Вячеслав Фетисов ва дигарон низ ба ин ҷоиза дар соли 2022 сазовор дониста шудаанд.

Ҷоизаи ба номи Людвиг Нобел (бародари калонии Алфред Нобел) соли 1888 дар Санкт-Петербург таъсис дода шуд. Дар соли 1917 ин ҷоиза фаъолияташро қатъ намуда, аммо дар соли 2005 онро Бунёди Людвиг Нобел дубора эҳё кард. Зиёда аз 80 нафар дар тӯли 18 сол барандаи Ҷоизаи Людвиг Нобел шуданд, ки байни онҳо намояндагони аҳли ҳунару мусиқӣ, шоирон, олимон, табибон, кайҳоннавардон, сиёсатмадорон ва ҳомиёни санъат ҳастанд.

Ба барандаи ҷоиза медали хотиравӣ, ки аз рӯи тарҳ (эскиз)-и охири асри 19 сохта шудааст ва нишони сарисинагӣ супурда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.