Сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар “Корвони саломатӣ” ройгон ташхису муоина мешаванд

Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд. Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандарустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ давоми солҳои охир бо дастгирии […]

Asia-Plus

Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандарустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ давоми солҳои охир бо дастгирии ҳукумат Вазорат маъракаи “Корвони саломатӣ”-ро ташкил ва баргузор мекунад.

Гуфта мешавад, дар доираи ин чорабинӣ нақлиётҳои махсуси сайёри тиббӣ бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ва бо мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, сокинонро ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 29-уми марти соли равон чорабинии марказонидашудаи “Корвони саломатӣ”  ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф овард.

Дар доираи ин чорабинии марказонидашудаи тиббӣ сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби 16 табиби ботаҷриба, аз ҷумла асабшинос, дилшинос, терапевт, гинеколог ва стоматолог ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд.

“Корвони саломатӣ” дар назди Маркази саломатии ноҳияи Мастчоҳ, дар шаҳраки Бӯстон ба қабули беморон оғоз кард. Қарор аст, ки ин чорабинии тиббӣ то 6 апрели соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба кори худ идома диҳад.

Қобили зикр аст, ки “Корвони саломатӣ” бо истифода аз нақлиёти махсуси сайёр, ки  дорои дастгоҳҳои зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стоматологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошанд, сокинони ноҳияро аз муоинаи ройгон мегузаронанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.