Дар Хуҷанд бо иштироки президент бахшида ба Наврӯз чорабинии ҷашнӣ доир гардид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Гуфта мешавад, зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯзро чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон арзёбӣ карда, онҳоро пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда номиданд. Ба андешаи сарвари […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Гуфта мешавад, зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯзро чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон арзёбӣ карда, онҳоро пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда номиданд.

Ба андешаи сарвари давлат яке аз омилҳои муассиру тавонои пояндагии миллати мо ин мавҷудияти силсилаҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон мебошанд.

Баъди суханронии президент дар макони баргузории чорабинии идонаи наврӯзӣ – варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд барномаи бошукуҳи консертӣ, ки ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, расму суннат ва оинҳои накуи наврӯзӣ мебошад, доир шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони аҳли фарҳангу зиё ва ҳайтҳои хориҷӣ ҳузур доштанд.

Президент аз 29 март дар вилояти Суғд қарор дорад. Анҷоми сафари ӯ ба минтақа рӯзи 1 апрел дар назар аст.

Дар доираи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол ва ноҳия Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, имрӯз ба ноҳияи Зафаробод ташриф меорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.