Ҳарифони футболбозони навраси тоҷик дар Ҷоми Осиё маълум шуданд

Дар Таиланд рӯзи 30-юми март маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуд. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, бо тимҳои Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад. Дар гуруҳҳои дигар тимҳои Таиланд, Яман, Малайзия, Лаос, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Афғонистон, Қатар, […]

Дар Таиланд рӯзи 30-юми март маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, бо тимҳои Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад.

Дар гуруҳҳои дигар тимҳои Таиланд, Яман, Малайзия, Лаос, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Афғонистон, Қатар, Ҷопон, Ҳиндустон, Ветнам ва Ӯзбекистон рақобат мекунанд.

Нахуст пешбинӣ гардида буд, ки ин мусобиқаро Чин қабул мекунад, лекин бо сабаби пандемияи коронавирус ин кишвар аз баргузории он даст кашид.

Зикр мешавад, ки пас аз натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд доир мегардад, чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешаванд.

Айни замон кишвари мизбони чемпионати ҷаҳон Перу номбар мешавад. Аммо аз ҳозир дар ФИФА масъалаи имкон доштан ё надоштани ин кишвар дар мавриди баргузории мусобиқа баҳс меравад.

Тасмими ФИФА-ро интизор шудан лозим меояд. Баргузории Чемпионати ҷаҳон U-17 дар охири тирамоҳ муқаррар шудааст: 10 ноябр – 2 декабри соли 2023.

Натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон (U-17):  

Гурӯҳи «А»: Таиланд, Яман, Малайзия, Лаос.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Афғонистон, Қатар.

Гурӯҳи «С»: ТОҶИКИСТОН, Австралия, Арабистони Саудӣ, Чин.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Ҳиндустон, Ветнам, Ӯзбекистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.