Роҳандозии хатсайрҳои ҳавоии Nordwind ба Душанбе аз Оренбург ва Самара

Ширкати ҳавопаймоии Nordwind баҳори имсол парвозҳои мунтазамро ба Душанбе аз Самара ва Оренбург, инчунин аз Красноярск ба Бохтар оғоз мекунад, хабар дода мешавад дар торнамои aviaport.ru. Аз ҷумла, парвоз аз Самара ба Душанбе шурӯъ аз 31 март рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешавад. Парвоз аз Самара соати 6:45 ва расидан ба Душанбе – соати 11:00 ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии Nordwind баҳори имсол парвозҳои мунтазамро ба Душанбе аз Самара ва Оренбург, инчунин аз Красноярск ба Бохтар оғоз мекунад, хабар дода мешавад дар торнамои aviaport.ru.

Аз ҷумла, парвоз аз Самара ба Душанбе шурӯъ аз 31 март рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешавад.

Парвоз аз Самара соати 6:45 ва расидан ба Душанбе – соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Парвоз 3 соату 15 дақиқа давом мекунад. Аз Душанбе ҳавопаймо соати 12:30 парвоз мекунад.

Парвозҳо бо хатсайри Оренбург – Душанбе аз 30 апрел рӯзҳои якшанбе соати 8:30 муқаррар шуда, соати 11:00 ҳавопаймо ба нуқтаи таъинот фуруд меояд.

Аз пойтахти Тоҷикистон ҳавопаймо соати 12:30 парвоз карда, вақти парвоз 3 соатро ташкил медиҳад.

Дар бораи нархи билетҳо алҳол маълумот дастрас нест.

Ин ширкати ҳавопаймоии Русия аз 3 май парвозҳоро аз Красноярск ва Бохтар оғоз мекунад.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба – рӯзҳои чорашбе иҷро карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Nordwind, парвоз дар ин самт 4 соатро вақтро дар бар мегирад.

Ёдрас мекунем, ки ба мусофирони ширкати Nordwind парвозҳо ба Душанбе аз Қазон ва Уфа низ дастрас аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.