Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе меояд

Дар доираи сафари давлатии президети Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон рӯзи 4 апрел Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ. “Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои  саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот мебошад”, – зикр мешавад дар хабар. Дар Форуми […]

Дар доираи сафари давлатии президети Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон рӯзи 4 апрел Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.

“Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои  саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот мебошад”, – зикр мешавад дар хабар.

Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок менамоянд.

Гуфта мешавад, дар доираи кори Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ки ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ,  дар соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки ба 0,1% аз ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот баробар аст.

Ҳудуди 95% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба воридоти молу маҳсулот аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел аз сафари давлатии президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон низ интизорӣ меравад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ин сафар рӯзҳои 10-11 апрел ба нақша гирифта шудааст.

Дар остонаи сафари президенти Туркманистон, дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон ва ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.